Риояи ҳуқуқи инсонро дар ниҳодҳои ҳукуматӣ назорат мекунанд

Сиёсати ҳукумати кишвари мо оиди ҳифзи ҳуқуқи инсон дар асоси ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба роҳ монда шудааст, қайд кард муовини аввали дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Музаффар Ашуриён.

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Нафарони махсус дар ҳама ниҳодҳои давлатӣ барои назорати риояи ҳуқуқи инсон таъин  мешаванд, иттилоъ дод муовини аввали дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Музаффар Ашуриён.

Рӯзи Душанбе ҳамоиши 10-уми намояндаҳои ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Душанбе оиди ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

"Дар ҳар ниҳоди давлатӣ нафари алоҳида таъин мешавад, ки ба назорати ҳуқуқи инсон машғул хоҳад шуд. Ин шахсон назорат мекунанд, то ҳуқуқи инсон дар ниҳодҳои давлатӣ поймол нагардад",-гуфт Ашуриён.

Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад дар баробари ин қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон пурра кунад.

Зиндониён дар муассисаҳои ислоҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ваколатдори ҳуқуқи инсон: фавти 80 зиндонӣ дар маҳбасҳои ҶТ

"Ин чорабинӣ имкон медиҳад, то равандҳои гуногуни ин масъала ҳаллу фасл гардад. Ҳамоиши ҳамасола оиди меъёрҳои ҳуқуқи инсонӣ воситаи хубест барои муайян намудани мушкилоти соҳаи ҳуқуқи инсон",-гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ сиёсати ҳукумати ҶТ дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ба он равона гардидааст, ки ҳар як инсон тавонад ҳуқуқи худро дошта бошад ва онро муҳофизат кунад.

Дар охири ҳамоиш тавсияҳо оиди дурнамои рушд ва идома додани муколамаи байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул ва баррасӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала