Олимон дастгоҳеро сохтанд, ки фикри инсонро ба сухан табдил медиҳад

Баъди кӯшишҳои зиёд олимони амрикоӣ тавонистанд дастгоҳеро созанд, ки тавассути сабти фаъолияти мағзи сар қодир аст, калимаи дар фикри инсон бударо нишон диҳад.

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Олимони Донишгоҳи Беркли дастгоҳеро сохтанд, ки метавонад фикри инсонро ба калима тарҷума кунад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашриёти Daily Mail.

Дастгоҳ дар асоси таҳлили фаъолияти мағзи сар сохта шудааст.

Олимон таҳқиқот гузаронида дар доираи он фаъолнокии мағзи сарро ҳангоми сухангӯӣ, дарк ва тасаввуроти калима муқоиса намуданд. Баъди санҷиши чандинсола дастгоҳи сабти фаъолнокии мағзи сар тавонист тасаввуроти инсонро ба калима тарҷума кунад.

Ба гуфти олимон дастгоҳ метавонад ба нафароне, ки гирифтори ихтилоли суханронӣ ҳастанд кӯмак кунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала