ВАО: яке аз роҳбарони “Толибон” дар Афғонистон боздошт шуд

© AP / Naim RahimiҚувваҳои мусаллаҳи Афғонистон дар наздикии шаҳри Қундуз. Акс аз бойгонӣ
Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон дар наздикии шаҳри Қундуз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни баргузории амалиёти вижа дар вилояти Қундузи Афғонистон яке аз сардорони гурӯҳи радикалии “Толибон”-ро дастгир намуданд.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон дар рафти корҳои фаврӣ ҷустуҷии шабона яке аз сардорони гурӯҳи ҷиноятпешаи "Толибон"-ро дастгир карданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба хабаргузории Khaama Press.

Ба гуфти сардори пулиси Қундуз Абдуллоҳ Башир Рашид, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсе дастгир шуд, ки номаш  Қорӣ Салим буда, ӯ раиси ноҳияи Хонобод ба шумор меравад, ва дар чандин ҳуҷумҳои террористии Қундуз иштирок кардааст.

Намояндагони ҳаракати Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракати “Толибон” роҳбари нав интихоб кард

Хабаргузорӣ қайд менамояд, ки дар рафти амалиёти вижа ҳамчунин шаш нафари дигар, ки ҳамроҳи сардор буданд, дастгир гардида, ду нафар аз онҳо захмӣ гардида, ду ҷангӣ нест карда шуданд. Дар бораи талафот аз ҷониби кормандони мақомоти пулис маълумот дода намешавад. Намояндагони гурӯҳи ҷиноятпешаи "Толибон" то ҳол қазияро шарҳ надодаанд.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд.

Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала