Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад

© Sputnik / Амир ИсаевМаркзи фарҳангию фароғатии "Боғи пойтахт". Акс аз бойгонӣ
Маркзи фарҳангию фароғатии Боғи пойтахт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳифзи кӯдакон-яке аз қадимтарин ҷашни байналмиллалӣ ба ҳисоб рафта шурӯъ аз соли 1950 инҷониб қайд карда мешавад. Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии кӯдакон дар боғи Маркази кӯдакону наврасони пойтахт чун ҳамешагӣ чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон имрӯз рӯзи Байналмиллаии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Бахшида ба рӯзи Байналмиллалии кӯдакон дар боғи Маркази кӯдакону наврасони пойтахт, ки дар наздикии майдони "Спартак" ҷойгир аст, чун ҳамешагӣ чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Дар баробари ин бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамаи муассисаҳои то мактабии кишвар ҷорабиниҳо таҳти унвони "Кӯдакон-ояндаи мо", баргузор мегарданд.

Рӯзи ҳифзи кӯдакон- яке аз қадимтарин ҷашни байналмиллалӣ ба ҳисоб рафта шурӯъ аз соли 1950 инҷониб таҷлил мегардад. Қонун дар бораи таҷлили ин ид соли 1949 аз ҷониби Федератсияи байналмиллалии демократии занон қабул гардид. Созмони Миллали Муттаҳид ин иқдомро хуш пазируфта, ҳифзи кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо ба зиндагӣ, саломатӣ, таҳсилро яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти худ эълон кард.

Соли 1959 СММ Декларатсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд, ки он аз моддаҳое, ки волидайни кӯдакон, ҳукумати кишварҳо, созмонҳои ғайридавлатиро ба қабули қонун ва риояи он даъват кард иборат буд.

Ҳамин тавр 20 ноябри соли 1989 СММ Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул кард, ки онро 61 кишвари ҷаҳон дастгирӣ намуданд. 13 июли соли 1990 ИҶШС ин қонунро ба тасвиб расонд.

Лентаи хабарҳо
0