Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

“Магнит” истеҳсолкунандагони Тоҷикистонро ба худ ҷалб менамояд

Шабакаи мағозаҳои бузурги фурӯши чакана хостори интиқоли меваю сабзавоти истеҳсоли Тоҷикистон аз ҷумла пиёз, сабзавот, маҳсулоти полезӣ ба манотиқи Русия гардидааст.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар Душанбе вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар ҶТ Михаил Кораблин баргузор гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ПСС.

Ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ миёни ду палатаи савдоро дар сатҳи минтақавӣ, иштирок дар намоишҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия баргузор мегардад баррасӣ намуданд.

Ба гуфти Кораблин гарчанде тамоми ҷаҳонро бӯҳрони иқтисодӣ фаро гирифта бошад ҳам, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар сатҳи баланд қарор доранд.

"Михаил Кораблин дар бораи музокирот бо яке аз бузургтарин шабакаи савдои чакана ҶДММ "Магнит", ки хостори ҳамкорӣ бо кишоварзони вилояти Хатлону Суғд  дар таъмини меваю сабзавот, аз ҷумла пиёз, сабзавот, маҳсулоти полезӣ аз Тоҷикистон ба минтақаҳои Федератсияи Русия шудааст, хабар дод",-омадааст дар иттилоия.

27 июли соли 2015 раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо намояндагони Чин во хурд - Sputnik Тоҷикистон
Хоҳиши раиси Палатаи савдо аз намояндагони Чин

Ба қавли ӯ ин пайвастагӣ ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодии ду кишварро боз ҳам қавитар мегардонад.

Намояндаи тиҷоратии ФР ҳамчунин ҳамкорӣ бо дигар шаҳрҳои минтақаи Русияро пешниҳод кард. Шариф Саид дар навбати худ қайд намуд, ки Федератсияи Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар баробари ин Раиси ПСС-и Тоҷикистон Шариф Саид пешниҳод кард, то дар соҳаҳои гидроэненргитикӣ, сохтмон, саноат, сайёҳӣ ва ғайраҳо бо истифода аз Минатқаи озоди иқтисодии Тоҷикистон низ ҳамкориҳо барқарор карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала