Амалиёти “Нелегал-2016” дар Суғд 21 қонуншиканиро ошкор кард

Обуна шудан
НовостиTelegram
Аз ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд 3 адад ва шаҳри Гулистон 9 адад ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шуд.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тайи як моҳи гузашта дар вилояти Суғд марҳилаи аввали амалиёти муштараки махсуси "Нелегал-2016" гузаронида шуд.

Ҳадафи аслии ин амалиёт аз ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пурзӯр намудани муқовимат бар зидди будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ иборат буд.

Рейди ХММ барои дарёфти муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД-и Русия 5,5 ҳазор муҳоҷирро хориҷ кард

Тибқи иттилоъ, дар амалиёт гурӯҳҳои санҷишии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ иштирок намуданд.

"Дар ин муддат кормандони раёсат 21 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз  Ҷумҳурии Мардумии Чин- 11 адад, Ҷумҳуриҳои Молдова —2 адад, Узбакистон-2, Беларус- 3 ва Украина-2 ададро ошкор намуданд.

Ба таври мушаххас аз ҷониби кормандони раёсати вилоятӣ 5 адад, шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон 4, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд 3 ва шаҳри Гулистон 9 адад ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шуд.

Нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0