Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Хонаи савдои Туркманистон дар Тоҷикистон

© Sputnik Амир ИсаевШаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи кишвари ҳамсоя дар бораи нақшаҳои Ашқобод дар самти ҳузури бештари он дар бозори Тоҷикистон, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи савдо ва кушодани Хонаи савдои Туркманистон дар ҷумҳурӣ изҳор дошт.

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Туркманистон дар ҶТ Чари Отаев вохӯрд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ПСС.

Ҷонибҳо дурнамои рушди тиҷорати дуҷониба ва ҳамкориҳои соҳаи иқтисодро баррасӣ намуда, қайд карданд, ки асоси рушди ҳамкориҳои байни ду давлатро муколама дар сатҳи олӣ ва алоқаҳои байни минтақавии ду кишвар ташкил медиҳад.

Халтаи орд - Sputnik Тоҷикистон
Қатори кӯмаки Туркманистон ба сокинони Бартанг вориди Душанбе шуд

"Намояндагони ду кишвар ба масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, рушди истеҳсолот, барқарор намудани алоқаи зич байни корхонаҳои Тоҷикистону Туркманистон ва ташкили Шӯрои муштараки соҳибкории Тоҷикистон-Туркманистон", ки асоси баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ хоҳад гардид, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карданд",-омадааст дар иттилоия.

Сафир ба ҳузури бештари Туркманистон дар бозори савдои Тоҷикистон  ва рушди ҳамкориҳои соҳаи савдо тавассути ташкили Хонаи савдои Туркманистон ва баргузор намудани намоишгоҳи маҳсулоти ин кишвар дар Душанбе изҳори таваҷҷӯҳ кард.

Отаев изҳори боварӣ намуд, ки ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти ду кишвар барои тақвияти ҳамкориҳои соҳаи иқтисод заминаи муҳим хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала