Баргузории ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои СҲШ дар Остона

Аллакай вазирони мудофиаи мамлакатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба пойтахти Қазоқистон ҳозир шуданд. Мавзӯъи асосии ҷаласа алҳол маълум нест.

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) рӯзи чоршанбе, 8 июн баргузор хоҳад шуд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи Қазоқистон.

"Дар шаҳри Остона ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад. Аллакай вазирони мудофиаи мамлакатҳои аъзои СҲШ ба пойтахти Қазоқистон омадаанд",-омадааст дар хабарнома.

Мавзӯъи ҷаласа алҳол маълум нест.

Эмомали Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: СҲШ “механизм”-и ҳақиқии ҳамкории минтақавӣ гардидааст

Дар доираи ҷаласаи вазирҳои мудофиаи кишварҳои аъзои СҲШ дар Остона ҳамчунин баргузории ҷашнвораи сеюми байналмиллалии гурӯҳҳои оркестрии мамолики аъзои СҲШ —"Труба мира" дар назар аст.

Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад.

Макони ташкили нишасти сарони кишварҳои СҲШ аз шаҳри Уфаи Русия ба Узбакистон интиқол ёфт. Вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар Тошканд дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала