Қаҳҳор Маҳкамов президенти аввалини Тоҷикистон даргузашт

Имрӯз, 8 июн дар Душанбе дар синни 85 солагӣ бар асари беморӣ президенти аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз дунё даргузашт.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар Душанбе имрӯз дар синни 85 солагӣ президенти аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов даргузашт.

Қаҳҳор Маҳкамов дар пайи беморӣ  аз дунё чашм пӯшид.

Президенти аввалини Тоҷикистонро рӯзи 9 июн ба хок месупоранд.

Ёдовар мешавем, ки Қаҳҳор Маҳкамов моҳи апрел 84-солагиашро қайд карда буд.

Қаҳҳор Маҳкамов, зодаи шаҳри Хуҷанд, моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, президенти аввалини Тоҷикистон интихоб шуда, дар муддати кӯтоҳ  соли 1991 ба истеъфо рафт.

Баъди ба истеъфо рафтан ба ҳайси  аъзои ҳамешагиии парлумон, намояндаи Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё  раиси Комиссия оид ба сиёсати иқтисодӣ, ки ба он ҳамаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё шомиланд фаъолият карда буд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала