Янчук: мелдоний рисолати ҳаётии Шараповаро халалдор мекунад

Муррабии теннис Виктор Янчук дар мусоҳиба бо Sputnik изҳор дошт, ки Мария Шарапова тамоми умр кӯшиш мекард, то дар Бозиҳои Олимпӣ медали тилло ба даст орад вале маҳрумият аз бозӣ ӯро аз ин орзӯяш дур месозад.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Маҳрумияти ду солаи Мария Шарапова аз иштирок дар бозӣ ҳодисаи фоҷиабор ҳам барои мутахассисони ин соҳа ва ҳам барои мухлисони ӯ мебошад, чунки ҳадафи асосии худро Шарапова гирифтани ҷоизаи олӣ дар Бозиҳои Олимпии имсола медонад, изҳор дошт  мураббии шоистаи Русия Виктор Янчук.

Мария Шарапова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бозгашти Шарапова ба феҳрасти 10-гонаи беҳтаринҳо

Федератсия байналмиллалии теннис (ITF) варзишгари  рус Мария Шараповаро барои истифодаи мелдоний ба муддати ду сол аз иштирок дар бозиҳо маҳрум намуд. Мӯҳлати маҳрумият аз санаи  26 январи соли 2016 шумурда мешавад.

Ба гуфти Янчук фаъолияти варзишии Мария дар марҳилаи хотимавӣ қарор дорад, чунки ҳар сол имконияти ба даст овардани ҷоизаи олӣ дар Бозиҳои Олимпӣ кам шудан мегирад.

"Ҷоизаҳои олӣ чун " (Большие Шлемы) ва Ҷоми федератсияро варзишгар аллакай дорад. Аз эҳтимол дун нест, ки баъди ду сол ӯ ба рисолати варзишии худ содиқ монда боз рақобатро барои гирифтани дигар мукофотҳои олӣ идома диҳад, вале имкониятҳо кам мешаванд",-гуфт Янчук.

Мураббӣ қайд кард, ки баъди 30 солагӣ фаъолияти варзишӣ вазнин мешавад. Вале Шарапова-"шахсияти дурахшон ва қавиирода" аст, фарде ки таваҷҷӯҳи ҳамагонро ба худ ҷалб мекунад ва ба касе тан намедиҳад. Мария Шарапова аллакай дар таърихи тенниси Русия мақоми созовори худро дорад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан теннисбози рус Мария Шарапова дар бораи дар баданаш ёфт шудани мелдоний, ки аз 1 январи соли 2016 ба рӯйхати маводҳои манъшуда аз ҷониби Оҷонсии Умумиҷаҳонии Антидопингӣ (WADA) дохил шуд, эълон карда буд. Шараповаро муваққатан 12 марти соли равон аз иштирок дар бозиҳо маҳрум карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала