Нобуд сохтани 5 террорист зимни амалиёти вижа дар Актоб

© AP / Peter Leonard Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон зимни оташ кушодани террористон зихмӣ шуданд. Миёни аҳолии осоишта қурбониён нестанд.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар рафти баргузории амалиёти вижа субҳи имрӯз панҷ террорист нобуд карда шуданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Кумитаи амнияти миллӣ (КАМ)-и Қазоқистон.

Сӯбҳи рӯзи ҷумъа хадамоти матбуотии КАМ иттилоъ дод, ки аз ҷониби ситоди минтақавии вилояти Актоб  оид ба мубориза бар зидди терроризм барои дастгир намудани гунаҳкорон амалиёти вижа гузаронида мешавад. Ба пешниҳоди таслим шудан террористон муқобилият нишон дода, оташ кушоданд.

"Дар пайи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ манзили террористон дар кӯчаи Некрасов маълум карда шуд. Дар рафти гуфтушунид террористон аз таслим шудан худдорӣ карда, оташ кушоданд. Кӯшишҳои зиёди кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои супоридани силоҳ ҳеч натиҷа надод. Зимни дастгир кардани террористон чор ҷинояткор нобуд карда шуд",-омадааст дар иттилоия.

Қазоқистон ба оилаҳои қурбониёни Актоб $15 ҳазор пардохт мекунад

Бино ба маълумоти КАМ худи ҳамон замон дар кӯчаҳои Мясоедов ва Аринов ҳаммаслаки террористон ба сӯи кормандони милитсия оташ кушода, ҳамгоми ҳамлаи ҷавобӣ нобуд карда шуд. Ду нафар корманди пулис захмӣ гардиданд.

Кумитаи амният қайд кард, ки ситоди махсуси КАМ ва ВКД манзили террористонро бо "риояи қоидаҳои бехатарӣ ва кӯчонидани сокинони хонаи истиқоматӣ" тафтиш намуданд.  Ҳамчунин мувофиқи маълумоти кумита миёни аҳолии осоишта захмиён ба қайд гирифта нашудааст.

"Ситоди махсуси минтақавии вилояти Актоб чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯиро оиди ором гардонидани вазъият, дастгир намудани террористони боқимонда ва ҳаммаслаконашон идома медиҳад",-гуфта мешавад дар хабарномаи КАМ.

Қаблан хабар дода шуд, ки рӯзи якшанбеи гузашта гурӯҳи ҷинояткорон ба мағозаи фурӯши аслиҳаи оташфишон ва таҷҳизоти низомии вилояти Актоб  ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд. Дар шаҳр низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон гардида, фаъолияти корхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шуд. Тибқи маълумоти ВКД 13 ҷангӣ нобуд карда шуданд. Мувофиқи маълумоти охир ҳафт нафар дар пайи ҳамлаи террористӣ ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти ВКД ҷинояткорон пайравони ҳаракатҳои радикалии динӣ будаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала