Раққосони тоҷик дар фестивали Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевРаққосони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Раққосони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Охири моҳи июни соли равон дар Красноярски Русия гурӯҳҳои овозхонӣ, раққасон ва рассомони 18 кишвари Осиё ва Уқёнуси Ором ҷаъ меоянд.

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар Красноярск Фестивали V-уми байналмиллалии мусиқӣ бо иштироки намояндагони мамлакатҳои қитъаи Осийё ва Уқёнуси Ором баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Ҷашнвора рӯзҳои 23-27 июн доир мегардад.

"Дар ду сол шаҳри Красноярск маротибае ба саҳнаи рақобати овозхонон, раққосон, рассомон ва ҳунармандони Сибир, Шарқи Дур ва кишварҳои қитъаи Осиёву Уқёнуси Ором табдил меёбад",-омадаст дар торномаи фестивал.

Ҷашнвораи байналмиллалии мусиқии Красноярск зиёда аз 300 ишитрокчиро аз 18 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, ИМА, Узбакистон ва диграҳоро ба ҳам меорад.

"Фестивали кишварҳои минтақаи Осиё ва Уҷёнуси Ором сокинони шаҳри Краснояркскро, ки яке аз марказҳои нигаҳдории фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, бо ҳунари овозхонӣ, раққосӣ ва расмкашии шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон шинос намуда, ҳамкории байни ин кишварҳоро тақвият мебахшад",-қайд кард зимни ҷаласа раиси Красноярск Виктор Толоконский.

Донишҷӯёни гурӯҳҳои хореоргафии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар гурӯҳи "Балети ҷавони Осиё ва Уқёнуси Ором"  (Аргентика, Корея, Монголия, Русия, Тоҷикистон, Ҷопон) баромад мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0