Вуруди шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ба Узбакистон манъ шуд

Вуруди шаҳрвандон, нақлиёт ва мол ба Узбакистон аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон шурӯъ аз 15 июн то 25 июн манъ карда шуд. Сабабҳои маҳдудияти вуруд гуфта нашудааст.

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik.  Узбакистон вуруди нақлиёт ва молро аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон то санаи 25 июн манъ кард, иттилоъ медиҳад рӯзи чоршанбе оҷонсии АКИpress бо такя ба Хадамоти марзбонии Узбакистон.

"Узбакистон шурӯъ аз 15 июн то 25-уми ҳамин моҳ вуруди одамон, нақлиёт ва молро аз Қириғизстон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон манъ мекунад. Ин маҳдудият ба сокинони ноҳияи Кара-Сӯи вилояти Ош дахл надошта онҳо метавонанд, чун ҳамешагӣ марзи давлатии Қирғизистон ва Узбакистонро убур намоянд",-гуфта мешавад дар хабарномаи оҷонсӣ.

Дар бораи сабабҳои маҳдудият иттилоъ дода намешавад, вале эҳтимол меравад, ки манъи вуруд ба баргузории ҷаласаи СҲШ бастагӣ дорад.

Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон терминал ба кор медарояд

Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад.

Макони ташкили нишасти сарони кишварҳои СҲШ аз шаҳри Уфаи Русия ба Узбакистон интиқол ёфт. Вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар Тошканд дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала