Сокинони Қурғонтеппа курсҳои Маркази омӯзишии муҳоҷиратро хатм карданд

© Официальный сайт РоссотрудничестваШаҳрвандони Қурғонтеппа курсҳои омӯзишии Маркази омӯзиширо хатм карданд. Акс аз бойгонӣ
Шаҳрвандони Қурғонтеппа курсҳои омӯзишии Маркази омӯзиширо хатм карданд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба хатмкунандагони аввалини курсҳои омӯзишии забони русӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ, малакаи истифодабарии компютер дипломҳо супорида шуданд.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар Қурғонтеппа маросими супоридани шаҳодатномаи хатми курсҳои омӯзишӣ ба аввалин хатмкунандагони Маркази омӯзишии муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Россотрудничества.

Дар маросими супоридани дипломҳо ва шаҳодатномаҳои хатми курсҳои омӯзишӣ намояндаи Россотрудничества дар Тоҷикистон Михаил Вождаев иштирок кард.

Гулзода дар Маскав забони тоҷикиро меомӯзонад

Маркази омӯзишии муҳоҷирони меҳнатӣ бо ибтикори барномаи кӯмаки Русия ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ дар якҷоягӣ бо бунёди "СПИД инфосвязь"-и Русия амал менамояд.

"Барономаи Маркази омӯзишӣ аз  курсҳои омӯзишӣ оиди бемориҳои сироятӣ, забони русӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва малакаи истифодабарии компютер иборат буданд",-омадааст дар иттилоия.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сатҳи зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо тавассути додани маълумот дар бораи бемориҳои сироятӣ ва ҳамчунин дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ-тандурустӣ дониста мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала