Дар Қирғизистон бар асари боронгариҳо шоҳроҳи Бишкек-Ош баста шуд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Шаби рӯзи ҷумъа дар Қирғизистон боронгариҳои шадид ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он дар масофаи 430-435 км-и шоҳроҳи Бишкек-Ош ҷараёнҳои сел ҷамъ шуд.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар Қирғизистон дар пайи боронгариҳои шадид шоҳроҳи Бишкек-Ош баста шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии МЧС-и кишвар.

Шоҳроҳи ягонаи автомобилии Бишкек-Ош, ки қисми шимоли кишварро бо ҷануб мепайвандад, дар баландии 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Дарозии ин шоҳроҳ наздики 600 километрро ташкил медиҳад.

"Дар шаҳри Таш-Кумири вилояти Ҷалолобод бар асари сел шоҳроҳи Бишкек-Ош муваққатан баста шудааст",-иттилоъ медиҳад мақомот.

Мувофиқи маълумоти хадамоти МЧС дар Қирғизистон рӯзи ҷумъа боронгариҳои шадид ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он дар масофаи 430-435 км-и шоҳроҳи Бишкек-Ош ҷараёнҳои сел ҷамъ шуд. Бар асари боронгариҳо шоҳроҳ баста шуд. Аз офатҳои табиӣ касе зарар надидааст.

Қаблан МЧС-и Қирғизистон дар бораи эҳтимоли  боронгариҳои шадид огоҳ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0