Шаҳрванди Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон дастгир гардид

© AP / Abdul KhaliqНизомиёни Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Низомиёни Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Кормандони милитсияи Афғонистон дар қисми шарқии водии Нангаҳор се иштирокчии гурӯҳи террористии “Давлати Исломи”-ро (мамнуъ дар Тоҷикистон) дастгир намуданд. Яке аз онҳо шаҳвранди Тоҷикистон мебошад.

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Бино ба маълумоти Sputnik, тоҷикистониро ҳамроҳи шаҳрвандони Афғонистон дар вилояти Ҳирот дастгир намуданд. Аз онҳо GPS дарёфт гардид, ки маҳз тавассути он ҷангиён маконҳои ҳамларо муайян мекарданд.

Онҳо аллакай иқрор шуданд, ки якқатор ҳамлаҳоро дар минтақаҳои вилояти Нангаҳор дар нақша доштанд.

Ҷангии сеюм дар ноҳияи Кот дастгир гардид.

Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Афғонистон наздики 30 ҷангии Давлати Исломӣ нобуд карда шуданд

Қабалн хабар дода шуд, ки низомиёни Афғонистон рӯзи шанбе ба террористони гурӯҳи Давлати Исломӣ ҳуҷум намуда, 27 нафари онҳоро нобуд сохтанд. Корманди мақомоти давлатӣ қайд намуд, ки миёни ҷангиён шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд, вале дар бораи аз кадом кишварҳо будани онҳо хабар дода нашуда буд.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0