Нақшаи фирор: се ҳодисаи намоёнтарин аз зиндагии маҳбусони Тоҷикистон

© Flickr \ Jobs For Felons HubКӯшиши озод шудан. Акс аз бойгонӣ
Кӯшиши озод шудан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мардуми Тоҷикистон борҳо шоҳиди ҳодисаи фирори маҳбусон шудаанд. Ҳанӯз фирори оммавии маҳкумшудагони соли 2010 фаромӯш нашуда буд, ки боз ҳафтаи гузашта се зиндонӣ аз маҳбаси шаҳри Хуҷанд фирор намуданд.

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Нақшаи дастгир намудани фирориёни зиндони шаҳри Хуҷанд ба хубӣ анҷом ёфт. Ду ҷинояткор яке бо иттиҳоми терроризм ва дигаре барои экстремизм —Рамзуллохон Додохонови 28-сола ва Мирзошариф Қаюмови 30-сола аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нобуд карда шуданд.

Ҳабибҷон Юсупов-фирории сеюм, ки бо иттиҳоми дуздӣ ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд, зимни фирор кардан захмдор шуда, баъди чанде дастгир гардид.

Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

"Фирори аср"

Вале аз ҳама ҳодисаи мудҳиштарин дар таърихи низоми ислоҳии тоҷик  замоне буд, ки 25 ҷинояткорони махсусан хатарнок соли 2010 аз зиндони КДАМ ҶТ гурехта буданд, коршиносон ин ҳодисаро "фирори аср" номиданд.

Маҳбас.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои “фирор кардан аз зиндон” парвандаи ҷиноӣ боз градид

Гуфтанист, ки ин зиндон дар наздикии қароргоҳи президенти кишвар ҷойгир буда, яке аз маҳбаси низоми посбониаш сахт ба шумор меравад. Дар ин зиндон ҷинояткороне, ки ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ, хиёнат ба ватан, терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои вазнин гунаҳкор мешаванд, то баромадани ҳукми расмӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Аммо рӯзи 23 августи соли 2010 аз ин ҳалқаи сангин 25 ҷинояткор, ки дар байнашон шаҳрвандони Русия, Афғонистон ва Узбакистон низ буданд, фирор карданд. Вале хусусияти фарқкунандаи ин фирор натанҳо дар шумораи маҳбусон балки дар "сифат"-и онҳо буд. Чунки байни фирориён писарон ва хешу таборони Мирзо Зиёев-яке аз фармондеҳони собиқи ҷанги шаҳрвандӣ, ки соли 2009 дар пайи амалиёти вижа дар ноҳияи Ғарм ба ҳалокат расонида шуд, буданд.

Ҳарчанд ба амалиёти дастгир кардани фирориён мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Афғонистон низ ҳамроҳ шуда бошанд, танҳо баъди як сол моҳи ноябри соли 2011 амалиёт бо дастгир шудани Азамшо Зиёев-хеши Мирзо Зиёев анҷом ёфт. Дар умум 8 маҳкумшуда нобуд карда шуда, боқимондаҳо аз сари нав ба зиндон оварда шуданд.

Дарҳол баъди ҳодисаи мазкур президенти Тоҷикистон раиси КДАМ Хайриддин Абдураҳимов ва якқатор кормандони калони кумитаро аз вазифа сабукдӯш кард. Чор намояндаи  маҳбаси КДАМ ҶТ дар робита бо бемасъулиятӣ ба аз 5 то 8,6 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда шуданд.

Фирор дар мошини роҳбари маҳбас

Зиндон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озодӣ: маҳбуси хатарноки фирорӣ аз зиндони Қӯғонтеппа боздошт шуд

Аз соли 2010 инҷониб дар Тоҷикистон боз чанд ҳодисаи фирор аз маҳбас ба вуқӯъ пайваст. Вале аз ҳама ҳодисаи намоён фирори маҳбусон аз зиндони шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Баҳрулло Шарифов буд.  Ҷавони ҷинояткор, ки бо иттҳоми куштор ба 23 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда буд, натанҳо аз зиндон озодона фирор кард, балки тавонист,  ҷои ҳодисаро бо мошини сардори зиндон тарк намояд.

Бо таври номаълум ба дасти маҳкумшуда калидҳои эҳтиётии сардори зиндон афтодаанд ва бо истифода аз онҳо ҷинояткор аввал дар бағоҷи мошин ба ҷой шуда ва баъдтар дар истгоҳи наздиктарин баромада ба тарафи хонааш ба шаҳри Ваҳдат раҳсипор мешавад.

Хушбахтона маҳбусро корманди пулиси маҳаллӣ, ки бори аввал барои куштор дастгир карда буд, дид. Чуноне, ки ВАО хабар дод, дар зиндон аз гурехтани Баҳрулло Шарифов ҳатто хабар ҳам наёфтанд.

Ҷавони ҷинояткор савории мошинро ба анҷом нарасонида буд, ки ҳафт корманди муассисаи ислоҳӣ ва ҳамчунин раиси зиндон Сафиаллоҳ Изатуллоев, ки на зиндонро назорат мекардаасту на мошинашро аз вазифа сабукдӯш карда шуданд.

Тибқи маълумоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар 18 муассисаи ислоҳӣ, ки ҳанӯз солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудаанд, ҷойгир ҳастанд. Аз сабаби он ки солҳои дароз ин биноҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд, тибқи маълумоти ВАО шурӯъ аз моҳи январ таъмири маҳбасҳо дар нақша аст.

Азнавсозии марҳилавӣ бо сохтмони маҳбаси шаҳри Ваҳдат-20 км дуртар аз пойтахт, чанд сол қалб шурӯъ шуд. Муассисаи ислоҳии ҷадид барои 2 ҳазор зиндонӣ сохта шуда, ба ин муасисса зиндониёни маҳбаси ЯС 3/1-Душанбе, ки ҳанӯз соли 1935 сохта шудааст кӯчонида мешаванд.

Интизор меравад, ки бо сохтани муассисаҳои нави ислоҳӣ натанҳо шароити буду боши зиндониён, балки низоми амният низ ба куллӣ такмил дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0