Ҷоми АвруОсиё бори аввал дар таърих насиби гроссмейстери тоҷик гардид

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкШоҳмот. Акс аз бойгонӣ
Шоҳмот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дорандаи медали нуқраи Ҷоми Осиёи Марказӣ Фаррух Амонатов рақибони худро аз Руссия ва Грузия шикаст дода соҳиби мукофоти олӣ-30 ҳазор доллар гардид.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар Алмаато мусбиқаи калони байналмиллалӣ оид ба шоҳмот-Ҷоми АвруОсиёи президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар сабқат 105 шатранҷбоз аз 28 кишвари олам иштирок карданд. Мукофоти умумии мусобиқа 100 ҳазор доларро ташкил дод.

Мукофоти асосии Ҷоми АвруОсиёро ғолиби мусобиқаи 10-уми Тошканд Мемориал Г. Агзамова, ба даст оварда,  дорандаи  медали нуқраи Осиёи Марказӣ гроссмейстери байналмиллалӣ Фаррух  Амонатов соҳиби 30 ҳазор доллар гардид.

Дар ин мусобиқа Фаррух Амонатов  ягона намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Мақоми дуюмро чемпиони Аврупо Ян Непомняший (Русия) ба даст оварда, соҳиби 20 ҳазор доллар шуд. Медали биринҷӣ ва 14 ҳазор доллар насиби иштирокчии панҷ олимпиада Баадура Джобави (Грузия) гардид.

Шатранҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари ФБШ ба Арманистон ва Озарбойҷон пешниҳод кард,то шоҳмот бозанд

Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ғолибияти Фаррух Амонатов дар соли ҷорӣ мебошад. Қаблан ӯ дар 10-умин мусобиқаи байналмиллалии  шоҳмот, ки ба нахустин "гроссмейстер"-и Узбакистон Георгий Агзамов  бахшида шуда буд, иштирок карда мақоми аввалро ба даст овард.

Гуфтанист, ки дар мусобиқаи Ҷоми АвруОсиё ҳамчунин шатранҷбозони машҳури ҷаҳон Александр Гришук-қаҳрамони секаратаи шоҳмот ва дорандаи Ҷоми ҷаҳон Петр Свидлер (ҳарду аз Русия), қаҳрамони Чин Ван Хао, чемпиони ҷаҳон Ле Куанг Лем (Ветнам), қаҳрамони дукаратаи Аврупо, қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот Шаҳриёр Мамедёров (Озарбойҷон) низ ширкат варзиданд.

Яке аз меҳмонони олиқадри мусобиқа қаҳрамони чандинкартаи ҷаҳон Анатолий Карпов гардид. Ҳамчунин ба мусобиқа президенти Федератсияи байналмиллалии шоҳмот Кирсан Илюмжинов омада буд. Ҷоми авруОсиёро аз тилло ва ёқуту лоҷвар корманди шоистаи Қазоқистон, узви Иттифоқи рассомон ва Академияи рассомии кишвар  Крим Алтинбеков омода намуд.

Лентаи хабарҳо
0