Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Анвар Юнусов Тоҷикистонро дар Бразилия муаррифӣ мекунад

Варзишгари тоҷик рақибони худ аз Литва, Покистон, Итолиё ва Туркия шикаст дода ба бозиҳои Олимпӣ роҳ ёфт. Ҳамчунин Шавкатҷон Раҳимов низ дар сурати гирифтани ҷои панҷум метавонад соҳиби роҳхат ба бозиҳои Олимпӣ гардад.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Анвар Юнусов варзишгари ҷавон дар риштаи бокс соҳиби роҳхат ба бозиҳои Олимпӣ-2016 гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Аз 16 то 25 июн дар Боку мусобиқаи байналмиллалии литсензионӣ оид ба бокс байни мардон баргузор гардид. Ин сабқат барои варзишгарони риштаи бокс дар ба даст овардани роҳхат ба бозиҳои Олимпӣ ҳалкунанда хоҳад буд.

Юнусов рақиби худ аз Туркия-Волкан Гоксекро  дар 1/4 финал мағлуб намуда, соҳиби роҳхат ба бозиҳои тобистонаи Олимпӣ шуд.

Ҳамчунин муштзани тоҷик дигар рақобатҳои худро низ бо ҳисоби 3:0 анҷом дод. Ӯ бар муштзанони Литва, Покистон ва Итолиё ғолиб омад.

Олимпиадаи Лондон-2012. Мавзуна Чориева парчами Тоҷикистонро мебарад - Sputnik Тоҷикистон
Олимпиада-2016: варзишгарони тоҷик дар “роҳ” ба Рио

Муштзани тоҷик ҳамчунин бояд дар бозии нимфиналӣ рақобат намояд, вале натиҷаи ин бозӣ ба роҳхати ӯ дахолат намекунад. Ӯ аллакай соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпии 2016 гардид.

Намояндаи дигари Тоҷикистон-Шавкатҷон Раҳимов низ дар сурати гирифтани ҷои панҷум метавонад соҳиби роҳхат ба бозиҳои Рио-де  Жанейро гардад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпӣ ба мунтахаби Тоҷиикстон ҳафт варзишгар дохил мешаванд: Файзен Раҳматшоев (52 кг), Баҳодур Усмонов (56 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Шавкатҷон Раҳимов (64 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (69 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Меҳрубон Сангинов (81 кг) ва Ҷахон Қурбонов (91 кг).

Аз 16 то 25 июн дар Боку мусобиқаи байналмиллалии литсензионӣ оид ба бокс байни мардон баргузор гардид. Ин сабқат барои варзишгарони риштаи бокс дар ба даст овардани роҳхат ба бозиҳои Олимпӣ-2016 ҳалкунанда хоҳад буд.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадмурод ба Бозиҳои Рио де Жанейро роҳ ёфт

Ёдрас мешавем, ки Олимпиадаи XXXI-ум  аз 5 то 21 август дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) баргузор мегардад. Ин бозиҳои олимпии аввалин дар Америкаи Ҷанубӣ, дуввумин дар Америкаи Лотинӣ (баъди Олимпиадаи соли 1968) ва аввалинин сабқати олимпӣ пас аз соли 2000 инҷониб дар нимкураи ҷанубист.

Дар бозиҳои олимпӣ шумораи рекордии медалҳо (306) ва иштироки  рекордии  кишварҳои ҷаҳон (206) дар назар аст, аз ҷумла мамлакатҳои Косово ва Судани Ҷанубӣ бори нахуст дар Олимпиада ширкат хоҳанд варзид.

То имрӯз наздики 146 кишвар роҳхати ба Рио рафтанро гирифтаанд, ки теъдоди варзишгаронашон ба 5412 нафар мерасад. Дар бозиҳои олимпии соли 2016 аз рӯи 28 намуди варзиш медалҳо соҳибонашонро интизоранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала