Даврон Атабоев ба Бозиҳои Олимпӣ-2016 роҳ ёфт

Обуна шудан
Даврон Атабоев варзишгари панҷуми тоҷик аст, ки бо иштирок дар мусобиқаи бонуфузи байналмиллалӣ роҳхат ба Олимпиада-2016-ро ба худ ихтисос дод.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Даврон Атабоев дар мусобиқаи риштаи варзиши сабук, ки дар Бишкек доир гардид ғолиб омада соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпӣ-2016 гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Атамбоев дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри литсензияи олимпиро иҷро кунад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шавад.

Дар ин бора Рашид Саидов, муовини раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ба сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 24 июн хабар дод.

Ҳамин тариқ, то имрӯз панҷ варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудаанд.

Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров аввалин роҳхати Олимпиадаи 2016-ро соҳиб шуд

Ёдовар мешавем, варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои гурзандози тоҷик Олимпиадаи чаҳорум мебошад.

Баъдан ду паҳлавони тоҷик — Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов  - дар риштаи дзюдо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳанд кард.

Инчунин Анвар Юнусов муштзани тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ик дар пойтахти Озарбоёҷон Боку ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Зимнан, Анвар барои севумин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳад кард.

Бокс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Анвар Юнусов Тоҷикистонро дар Бразилия муаррифӣ мекунад

Ёдрас мешавем, ки Олимпиадаи XXXI-ум  аз 5 то 21 август дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) баргузор мегардад. Ин бозиҳои олимпии аввалин дар Америкаи Ҷанубӣ, дуввумин дар Америкаи Лотинӣ (баъди Олимпиадаи соли 1968) ва аввалинин сабқати олимпӣ пас аз соли 2000 инҷониб дар нимкураи ҷанубист.

Дар бозиҳои олимпӣ шумораи рекордии медалҳо (306) ва иштироки  рекордии  кишварҳои ҷаҳон (206) дар назар аст, аз ҷумла мамлакатҳои Косово ва Судани Ҷанубӣ бори нахуст дар Олимпиада ширкат хоҳанд варзид.

То имрӯз наздики 146 кишвар роҳхати ба Рио рафтанро гирифтаанд, ки теъдоди варзишгаронашон ба 5412 нафар мерасад. Дар бозиҳои олимпии соли 2016 аз рӯи 28 намуди варзиш медалҳо соҳибонашонро интизоранд.

Лентаи хабарҳо
0