Медали нуқраи Анвар Юнусов дар Боку

© Flickr \ U.S. Embassy LondonБокс. Акс аз бойгонӣ
Бокс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар мусобиқаи байналмиллалии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки дар пойтахти Озарбойҷон-Боку баргузор гардид, ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Озарбойҷон мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба бокс миёни мардон баргузор гардид. Анвар Юнусов муштзани номдори тоҷик дар ин сабқат ҳам соҳиби роҳхат ба Бозиҳои Олимпӣ-2016 ва ҳам соҳиби медали нуқра гардид, иттилоъ медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар мусобиқа зиёда аз 375 варзишгар аз 92 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.

Даврон Атабоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Даврон Атабоев ба Бозиҳои Олимпӣ-2016 роҳ ёфт

Бино ба иттиллои хадамоти матбуоти Кумитаи олимпии Тоҷикистон дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни 60 кило Анвар Юнусов аз ҳарифи худ-муштзани Голландия Энрико Ле Курсу бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд, аммо сарфи назар аз ин натиҷа, ӯ соҳиби роҳхат ба Бозиҳои Рио ва гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.

Ёдрас мешавем, ки Олимпиадаи XXXI-ум  аз 5 то 21 август дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) баргузор мегардад. Ин бозиҳои олимпии аввалин дар Америкаи Ҷанубӣ, дуввумин дар Америкаи Лотинӣ (баъди Олимпиадаи соли 1968) ва аввалинин сабқати олимпӣ пас аз соли 2000 инҷониб дар нимкураи ҷанубист.

Дар бозиҳои олимпӣ шумораи рекордии медалҳо (306) ва иштироки  рекордии  кишварҳои ҷаҳон (206) дар назар аст, аз ҷумла мамлакатҳои Косово ва Судани Ҷанубӣ бори нахуст дар Олимпиада ширкат хоҳанд варзид.

То имрӯз наздики 146 кишвар роҳхати ба Рио рафтанро гирифтаанд, ки теъдоди варзишгаронашон ба 5412 нафар мерасад. Дар бозиҳои олимпии соли 2016 аз рӯи 28 намуди варзиш медалҳо соҳибонашонро интизоранд.

Лентаи хабарҳо
0