Дар маркази савдои Megaplanet-и Тошканд сӯхтор ба амал омад

© Водители ТашкентаСӯхтор дар Тошканд. Акс аз бойгонӣ
Сӯхтор дар Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бастагӣ бо ҳодисаи сӯхтор имрӯз дарҳои маркази савдо баста шудааст. Кормандон ба тоза намудани ошёнаҳои болоӣ аз ақибатҳои сӯхтор ва ба хомӯш намудани он машғул ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Субҳи рӯзи сешанбе дар маркази фароғатӣ фарҳангӣ ва савдои Megaplanet сӯхтор ба амал омад, иттилоъ медиҳад МЧС Узбакистон.

Бино ба маълумоти пешакӣ бино бо сабаби оташ гирифтани яке аз нуқтаҳои ошпазхона, ки дар ошёнаи болоӣ-чоруми бинои маркази савдо воқеъ аст, оташ гирифтааст.

Чуноне шоҳидон хабар медиҳанд бар асари сӯхтор касе зарар надидааст.

Айни замон дар бастагӣ бо ҳодисаи сӯхтор  дарҳои маркази савдо баста шудааст. Кормандон ба тоза намудани ошёнаҳои болоӣ аз ақибатҳои сӯхтор  ва ба хомӯш намудани он машғул ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0