Муноқишаи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Курдоваи Петербург

© Sputnik / Замир Усманов / Гузариш ба медиабонкРоҳи даромад ба Курдово. Акс аз бойгонӣ
Роҳи даромад ба Курдово. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабаби асосии занозанӣ то ҳол маълум нест, вале чуноне шоҳидон хабар медиҳанд занозанӣ дар натиҷаи муноқишаи лафзии яке аз зодагони Доғистон ва муҳоҷире аз Осиёи Марказӣ шурӯъ шудааст.

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар маҳаллаи сохтмонии Курдоваи шаҳри Петербург занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайваст, иттилоъ медиҳад Сарраёсати ВКД-и Петербург.

"Соати 22 бо вақти маҳаллӣ хабар омад, ки дар маҳаллаи Курдоваи назди Петербург занозании умумӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои ҳодиса равона карда шуданд, вале то он замон иштирокчиёни муноқиша аллакай гурехта буданд. Кормандони пулис 17 нафарро дастгир ва ба шӯъбаи пулис оварданд",-изҳор дошт манбаъ.

Дар бораи сабаби асосии муноқиша  то ҳол маълумоти дуруст пешниҳод нашудааст, вале чуноне шоҳидон хабар медиҳанд занозанӣ дар натиҷаи муноқишаи лафзии яке аз зодагони Доғистон ва муҳоҷире аз Осиёи Марказӣ шурӯъ шудааст.

Шоҳиде дар саҳифаи гуруҳи "Зандагӣ дар Курдово" (Жизнь в Кудрово)-и шабакаи "ВКонтакте" навиштааст: "ҳамааш бо он сар шуд, ки яке бо мошин гузашта дигареро об пошид".

Хабар дода мешавад, ки дар занозанӣ наздики сад нафар иштирок кардаанд. Ҳамчунин маълум гардид, ки сохтмончиён бо истифодаи кран ду автомошинаро чаппа кардаанд.

"Дар маҳаллаи сохтомнии Курдово муноқиша бархост. Ҳеч чиз маълум нест. Сохтмончиён ду мошинро чаппа карданд. Баъзеҳоро сангзада бароварданд. Соат тақрибан 21:50 буд",-менависад шоҳид дар гуруҳи вазъияти фавқуллодаи Санкт-Петербурги шабакаи "ВКонтакте".

Қайд мегардад, ки занозанӣ дер давом накардааст. То замони расидани кормандони пулис ва ОМОН  иштирокчиёни муноқиша аллакай пароканда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0