Рубобнавози тоҷик ба консерт дар ИМА омодагӣ мебинад

Обуна шудан
Хушбахт Ниёзов дар доираи барномаи омӯзишии Академияи мусиқии муосири Осиёи Марказӣ "Playing Together" дар ИМА мусиқии халқии тоҷикро муаррифӣ менамояд.

Рубобнавози тоҷик бо 20 мусиқачиёни дигар аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон ҳанӯз моҳи июли соли 2015 дар даври интихобии озмун ғолиб омада буд.

Таҳти роҳбарии мусиқашиносони бузурги муосири Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва ИМА ӯ тобистони соли гузашта дар омӯзишҳои махсус иштирок карда, бо намоишҳои консертӣ дар саҳнаҳои Қирғизистону Узбакистон баромад кардааст.

Акнун Хушбахт Ниёзов ба ИМА сафар карда шаҳрвандони Вашингтон, Ню-Йорк ва Массачусетсро бо ҳунари худ тасхир хоҳад кард.

Сафар ба Амрико-даври дуюми барномаи омӯзишӣ буда, аз байни 20 иштирокчии озмун ба ин давр танҳо 12 нафарашон роҳ ёфтанд. Дар баробари Ниёзов се намояндаи дигари Тоҷикистон низ ба ИМА сафар мекунанд.

Playing together барномаи дусола буда аз ҷониби коршиносони бузурги соҳаи мусиқии Осиёи Марказӣ, ИМА ва Ҳиндустон ташкил карда шудааст. Ҳадафи асосии барнома таҳкими муносибатҳои касбӣ, мубодилаи таҷриба миёни мусиқачиёни Осиёи Марказӣ ва рушди санъати Осиёи Марказӣ дар дохили минтақа ва берун аз он мебошад.

Лентаи хабарҳо
0