Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Президенти Тоҷикистон дар ин паём таъкид намудааст, ки бояд ҳангоми гузаронидани маракаҳои милливу динӣ аз ҷумла иди Фитр мардум ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тамоми сокинони кишварро бо фарорасии Иди Фитр табрик гуфта ба хурду бузурги кишвар тандурустиву хушбахтӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил орзу намуд, менависад сомонаи президент.

Президент дар паёми шодбошияш изҳор доштааст, ки ҳар як инсони савобҷӯ агар пеш аз адои намози ид бо ризоияти ҷисму рӯҳи хеш хайри худро ба бародарону хоҳарон, хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсоягон, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон расонад, савоби он дар назди Худованд дучанд мегардад.

Ӯ ҳамчунин таъкид намудааст, ки  бояд ҳангоми гузаронидани маракаҳои милливу динӣ аз ҷумла иди Фитр мардум ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Озода Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озода Раҳмон дастур дод то ба ниёзмандон садақаи фитр дода шавад

Эмомали Раҳмон ҳамчунин дар паёми шидбошӣ қайд намудааст, ки "моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ-сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шавқат, бахшишҳои гуноҳ ва аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд".

"Мардум дар ин иди муборак ба анҷоми амалҳои хайр даст мезананд, аз ҷумла ба аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд ва ба хешу наздикон саломативу хонаободӣ, бахту саодат ва ба ҷомеаву давлати худ суботу оромӣ орзу мекунанд",-омадааст дар паём.

Дар идомаи паём президенти Тоҷикистон изҳори итминони амиқ мекунад, ки ҳар фарди огоҳу бедордил ва бо нангу номус дар рӯзҳои иду айём ва ҳамеша бо дарназардошти суннатҳои неки аҷдодӣ ва дар асоси фармудаҳои дини ислом барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ободиву оромии Ватани озодамон ва осудагии ҳар хонаводаи тоҷик кӯшиш менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамаро қарзи имонии мусалмонони Тоҷикистон хонда дар ниҳоят бори дигар ба муносибати Иди саид ва мукаррами Фитр барои мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу намудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала