Слутский:Тоҷикистон барои ба ИИ АвруОсиё пайвастан омода нест

Ба қавли Раиси кумитаи Думаи давлатии ФР оид ба умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Слутский Тоҷикистон то ҳол барои узви пурраи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шудан омода нест.

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ба гуфти Раиси кумитаи Думаи давлатии ФР оид ба умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Слутский аз ҷониби кумита 126 шартномаҳои байналмиллалӣ ба тасвиб расида, чанд барономаи муҳим пешниҳод шуд. Аз ҷумла барнома оиди густариши забони русӣ дар хориҷи кишвар низ дастгирӣ ёфт.

Дмитрий Косирев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо барҳам мехурад, АвруОсиё густариш меёбад

"Имрӯзҳо бархе бар он назаранд, ки созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аллакай "кӯҳна" шудааст. Мо мӯътақидем, ки ИДМ чун институти асосӣ дар қаламрави ИҶШС боқӣ мемонад. Аксари созмонҳои интегратсионӣ маҳз дар асоси ИДМ ташкил шудаанд. Масъалаҳои муҳими соҳаҳои фарҳанг, иқтисод, сиёсат дар доираи Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҳаллу фасл мегарданд. Мо ҳамкориҳои байни кишварҳоро дар сатҳи нав ташкил додем-ин  мулоқоти байнипарлумонии кишварҳои АвруОсиё мебошад".

Вале то ҳол ҳастанд масъалаҳое, ки ҳалли худро наёфтаанд. "Бисёр корҳо ҳоло анҷом дода нашудаанд-масъалаи Қарабоғ бояд ҳал шавад",-қайд кард Слутский.

Дар бораи муносибатҳои байни Русия ва Гурҷистон, Слутский қайд намуд, ки Гурҷистон-шарики муҳими стратегии Русия аст.

"Номи ҳазорон гурҷиҳо дар таърихи Русия дарҷ гардидааст.Зарур аст, ки ба тарафҳои мусбати Гурҷистон нигарем.  Мо наметавонем Гурҷистонро сарфи назар кунем ин кори бемантиқ аст. Дар он ҷо нафарони зиёде ҳастанд, ки омодаанд бо Русия ҳамкориҳои хубро барқарор намояднд",-гуфт ӯ.

Дар идомаи суҳбат Сулитский қайд намуд, ки Иттиҳоди АвруОсиё бояд фазои ягонаи таълимию иттилоотӣ ташкил кунад: "Зарур  аст, ки шабакаи иттилоотии "АвруОсиё-24" таъсис дода шавад".

Аркадий Дубнов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дубнов: Душанбе ба АвруОсиё мепайвандад, чун наметавонад, рад кунад

Дар бораи имкониятҳои Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё, Слутский қайд намуд, ки иқтисоди мамлакат ҳоло барои узви пурраи Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё шудан омода нест: "Агар аз ҷониби Тоҷикистон ба кумита аризаи расмӣ  дар бораи дохил шудан пешниҳод шавад он вақт фикр мекунем, ки бо кадом роҳ ин корро ба роҳ монем. Ин интихоби озод аз ҷониби кишварҳои соҳибихтиёр аст. Фикр мекунам, ки Душанбе дар ояндаи наздик хоҳиши дохил шудан ба иттиҳодро изҳор хоҳад дошт-Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари ИДМ талоши пайвастан ба иттиҳодро дорад",-хулоса кард Леонид Слутский.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала