Кишварҳои ИДМ нақшаҳои соҳаи туризмро дар Бишкек муҳокима мекунанд

© МПА СНГПарчамҳои ИДМ. Акс аз бойгонӣ
Парчамҳои ИДМ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иштирокчиёни ҷаласа дурнамои рушди ин соҳаи муҳимро дар кишварҳои ИДМ дар шароити нави иқтисодии ҷаҳон баррасӣ намуда, ҳамчунин итихоби раиси нави Шӯро барои соли оянда дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар пойтахти Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои кишварҳои ИДМ оид ба туризм баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад торномаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил.

Ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хуш омадед, ё Welcome to Tajikistan!

Баргузории ҷаласа рӯзҳои 7-8 июл дар назар буда ба 25 солагии ташкили Иттиҳоди давлатҳои мустақил бахшида мешавад.

Иштирокчиёни ҷаласа дурнамои рушди ин соҳаи муҳимро дар кишварҳои ИДМ дар шароити нави иқтисодии ҷаҳон баррасӣ намуда, ҳамчунин нитихоби раиси нави Шӯро барои соли оянда дар назар аст.

"Аъзоёни Шӯрои байнидавлатӣ оид ба туризм татбиқи Нақшаи чорабиниҳо дар солҳои  2015-2017-ро баррасӣ намуда, нақшаи рушди барномаҳо дар соҳаи туризм дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро барои солҳои 2018-2020 муҳокима хоҳанд кард",-омадааст дар иттилоия.

Интизор меравад, ки дар ин ҷаласа раиси нави Шӯро барои соли оянда интихоб гардад.

Лентаи хабарҳо
0