Варзишгарони тоҷик ба бозиҳои “Кӯдакони Осиё” ба Русия равон шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевВарзишгарони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Варзишгарони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусобиқа, ки дар он зиёда аз 4 ҳазор варзишгарон аз 39 кишвари дунё иштирок мекунанд адр Якутск аз 6 то 16 июл гузаронида мешаванд. Варзишгарони наврас дар 22 намуди варзиш маҳорати худро нишон медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Якустк шашумин бозиҳои байналмиллалии "Кӯдакони Осиё" оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии Ёқутистон.

"Маросими ифтитоҳи бозиҳои байналмиллалии "Кӯдакони Осиё" шоми рӯзи чоршанбе дар Якутск баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар маросими кушодашавӣ сарвазири Русия Дмитрий Медведев, муовини нахуствазир Юрий Трутнев, вазири Вазорати рушди шарқи Дур Александр Галушка, роҳбари Ёқутистон Егор Борисов иштирок кунанд",-изҳор дошт намоянда.

Зебинисо Рустамова: “Духтарак аз Помир" қаҳрамони ҷаҳон шуд

Бино ба иттилои манбаъ оташи бозиҳоро дар кӯли Сайсарии шаҳри Якутск фурузон карда, намоиши фейерверкҳо низ дар ин ҷо баргузор мегардад. Маросими кушодашавии бозиҳо дар майдони "Туймаада" баргузор гардида он дар экрани калони кул нишон дода мешавад.

Дар бозиҳои имсола шумораи хеле зиёди варзишгарон дар таърихи сабқат иштирок хоҳанд кард. 4 ҳазор варзишгари наврас аз 39 кишвари ҷаҳон дар ин бозиҳо ба ҳам меоянд.

Бозиҳои варзишии "Кӯдакони Осиё" ҳар чор сол шурӯъ аз соли 1996 инҷониб таҳти дастгирии Кумитаи Олимпии байналмиллалӣ гузаронида мешавад.

Дар бозиҳои намояндагони тамоми минтақаи Осиё иштирок мекунанд. Ҳадаф аз баргузории бозиҳои варзишӣ пешбарии ҳаракати бозиҳои олимпӣ ва рушди варзиши кӯдакону наврасон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмиллалии врзишӣ мебошад.

Дар барномаи бозиҳои варзишии кӯдакону наврасон гузаронидани намудҳои рекордии бозиҳо дар назар аст. Варзишгарон дар 22 намуди варзиш маҳорати худро нишон хоҳанд дод. Бозиҳо аз 6 июл шурӯъ шуда то 16 ҳамин моҳ идома мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0