Дар вилояти Суғд бофандаи беҳтарин интихоб мешавад

Обуна шудан
Бофандаи беҳтарини атласро дар озмуни бофандагон мукофоти олӣ, маблағи пулӣ ба қадри панҷ ҳазор сомонӣ интизор аст.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд байни занони ҳунарманди бофандаи атлас озмун баргузор менамояд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Дар омуни "Беҳтарин бофандаи атлас" чон зани ҳунарманд ва бофандагони беҳтарини навъи матои адрасу атлас муайян карда мешаванд.

Консерт дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эълони озмуни “Суруди Ватан” дар Тоҷикистон

Ҳадафи асосӣ аз гузаронидани озмуни бофандаи беҳтарини атлас, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ мебошад. Мақомоти  вилоят ҳамчунин умедвор аст, ки озмун барои ба кор ҷалб намудани занон мусоидат хоҳад кард.

"Ғолиби озмун соҳиби мукофоти олӣ Гран-при, мукофоти пулӣ ба қадри панҷ ҳазор сомонӣ мешавад. Соҳибони ҷои аввал, дуюм ва саввум бошад, бо мукфоти пулӣ ба қадри 3,2 ва 1 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда хоҳанд шуд",-омадааст дар хабарнома.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал-озмуни "Суруди Ватан" байни овозхонон, ҳунармандон ва раққосони ҷавон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нотакрор баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0