Тоҷикистон ва Узбакистон дар якҷоягӣ бо малах мубориза мебаранд

© Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкМалах. Акс аз бойгонӣ
Малах. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Душанбе ва Тошканд якҷоя бо ҳашароти зараровар мубориза мебаранд. Сухан дар бораи дастгирии технологӣ ва мубодилаи таҷриба оиди мубориза бар зидди малахҳо меравад.

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбакистон оиди мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараровар ба мувофиқа расиданд, иттилоъ медиҳад намояндаи вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Узбакистон.

"Ҷонибҳо ҳафтаи гузашта муборизаи муштаракаро бар зидди малах муҳокима намуданд",-изҳор дошт ӯ.

Қайд мешавад, ки сухан дар бораи дастгирии технологӣ оид ба истифодаи доруҳои гуногун  ва мубодилаи таҷриба  доир ба мубориза бар зидди малах меравад.

"Баҳори имсол нисбатан хушк омад барои ҳамин ҳам малах фаъолона дар заминҳои бузург паҳн шуда дар як рӯз то 100 км паҳн мешавад, муборизаи муштарак корро осонтар мекунад",-нақл кард намояндаи Вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Узбакистон.

Малах. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳи вижаи мубориза бар зидди малах дар ҶТ фаъол мешавад

Ӯ қайд намуд, ки исмол ҳудуди 400 ҳазор гектар замини кишоварзӣ  бо маводҳои химиявӣ безарар гардонида шуд, вале зарурат пеш меояд, ки чунин корҳои профилактикӣ дар якҷоягӣ бо кишварҳои ҳамсоя гузаронида шаванд.

Бино ба маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, дар қаламрави Осиёи Марказӣ зиёда аз 4 миллион гектар замин таҳти хатари малахи зараровар қарор дорад, ки аз он 620 ҳазор гектараш ба Узбакистон тааллуқ дорад.

Моҳи марти соли 2015 Вазорати кишварзӣ ва захираҳои оби Узбакистон ва Созмони озуқавории СММ созишнома оиди ҳамкориҳо дар соҳаи моҳигирӣ, истифодаи замин ва мубориза бар зидди малах ба имзо расонид.

Аҷибаш ни ки малахҳо натанҳо  ба Тоҷикистон ва Узбакистонро ҳамла кардаанд. Онҳо ҳамчунин ба иштирокчиёни бозии финалии чемпионати Аврупо-2016, ки байни Фаронса ва Португалия сурат гирифт ҳуҷум намуданд. Ҳашаротҳои зараровар ба чашмон, гушҳо ва бинии бозигарон мепариданд. Дар асоси натиҷа маълум мешавад, ки португалиҳо ба малах тобовартар будаанд.

Лентаи хабарҳо
0