Сироҷиддин Аслов бо роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон мулоқот кард

© Sputnik Игорь ЛекаркинБинои ВУХ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВУХ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Маркус Мюллерро бинобар ба анҷом расидани мӯҳлати фаъолияташ ба ҳузур пазируфт.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Сироҷиддин Аслов бино ба анҷом ёфтани мӯҳлати фаъолияти роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюлерро ба ҳузур пазируфт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ВКХ ҷумҳурӣ.

"Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои  созанда ва мутақобилан судманди тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд",-гуфта мешавад дар хабарнома.

Бино ба иттилои манбаъ дар фарҷоми мулоқот вазир ба сафир М. Мюллер барои саҳмаш дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба мавсуф барои фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала