Лоиҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон аз ҷониби БАОР маблуғгузорӣ мешаванд

© Sputnik Амир ИсаевДушанбе. Акс аз бойгонӣ
Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Грантҳо ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ ва ҳамчунин амнияти озуқаворӣ равона гардидаанд.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Фонди авруосиёии субот ва рушди Бонки авруосиёии рушд (БАОР) доир ба баргузор кардани марҳилаи аввали озмун оид ба пешниҳоди грантҳо барои лоиҳаҳои иҷтимоии Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон эълон намуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати молияи ФР.

Бино ба иттилои манбаъ "грантҳо барои лоиҳаҳои  соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ, рушди самаранокии идоракунии давлатӣ ва ҳамчунин амнияти озуқаворӣ равона гардидаанд".

Бинои Хазинаи байналмилалии асъор дар Вашингтон (округи Колумбия). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Гуфтушуниди Тоҷикистон бо ХБА барои ҷалби $500 миллион

Маблағи умумии воситахои Фонди авруосиёии субот ва рушд дар доираи марҳилаи аввал ба ҳудуди 10 млн. доллари ИМА баробар буда, ҳаҷми маблағгузории 1 лоиҳа бо муҳлати амалисозии то 1,5 сол аз 0,5 то 2 млн. доллари ИМА ва муҳлати амалисозии аз 1,5 ва зиёда аз он сол аз 2 то 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Муҳлати қабули дархостҳо то 30 сентябри соли 2016 муқаррар шудааст.

Бонки рушди Авруосиё-ташкилоти молиявии байналмиллалӣ буда, моҳи январи соли 2006 аз ҷониби Русия ва Қазоқистон ташкил карда шудааст. Ҳаҷми умумии маблағи бонк аз 1,5 млрд доллар зиёдтар мебошад. Кишварҳои аъзо-Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала