Раъду барқ дар Маскав: дарахтони решаканшуда ва роҳҳои зери об монда

© Flickr \ Greg FosterРаъду барқ. Акс аз бойгонӣ
Раъду барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми рӯзи чоршанбе дар Маскав раъду барқ бо шамоли сахт ва борони шадид ба вуқӯъ пайваст. Айни ҳол барои аз байн бурдани оқибатҳои офати табиӣ 500 нафар ва 150 адад техника роҳандозӣ шудааст, иттилоъ дод МЧС Русия.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар пайи раъду барқи шадидар Маскав ва минтақаҳои назди пойтахт зиёда аз 300 дарахт решакан шуда, шоҳроҳҳо зери об мондаанд.

"Айни ҳол корҳои бартарафсозии офати табиӣ идома дорад. Оқибатҳои раъду барқ, шамол ва борони шадид аз ҷониби оташнишонон ва қисмҳои наҷотдиҳии МЧС бартараф карда мешавад",-хабар медиҳад хадамоти матбуотии МЧС Русия.

Бино ба маълумоти маркази обуҳавосанҷӣ рӯзи 14 июл дар қаламрави Маскав ва минтақаҳои назди он раъду барқ ва борон пешгӯӣ намешавад.

"Дар умум барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 500 корманд ва 150 адад техника фаъол шудаанд",-гуфт намояндаи МЧС.

Бино ба иттилои РИА Новости бар асари шамол ва борони шадид ҳафт нафар зарар дидаанд. Қурбониён ба қайд гирифта нашудаанд.

Ҳамчунни қайд мешавад, ки дар бастагӣ бо боду ҳавои номусоид панҷ парвоз аз фурӯдгоҳи Внуково ба Домодедово гузаронида шуд. Ҳамчунин борон ва шамол боиси ба таъхир афтодани панҷ парвоз аз фурӯдгоҳи Шереметево шуд. Дар Маскав 27 нуқтаҳои роҳ зери об монда 22 мошин зарар диданд.

Лентаи хабарҳо
0