Варзишгарони тоҷик ва Олимпиадаи Рио-2016

Кумитаи миллии олимпӣ аз варзишгарони тоҷик интизори 10-12 иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 буд, аммо намояндагони Тоҷикистон танҳо панҷ литсензия ба даст оварданд.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Моҳи август диққати ҷаҳони варзиш ба бозиҳои Бразилия равона мегардад. Варзишгарони тоҷик панҷ иҷозатномаи иштирок дар олимпиадаро ба даст оварда, дар баробари ин ба мунтахаби мо се квотаи дигар дода шуд. Ғайр аз ин дар як намуди варзиш мо ба гирифтани медал боварӣ дорем.

Олимпиадаи Лондон-2012. Мавзуна Чориева парчами Тоҷикистонро мебарад - Sputnik Тоҷикистон
Олимпиада-2016: варзишгарони тоҷик дар “роҳ” ба Рио

Олимпиадаи соли 2016-натанҳо ҳодисаи муҳимтарини варзишии сол балки  ҳодисаи бузургтарини варзишӣ дар чорсолаи охир мебошад. Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии соҳибистиқлол бори нахуст соли 1996 ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ роҳ ёфт.  Дар умум мунтахаби Тоҷикистон ба сифати гурӯҳи мустақил дар бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ се медалро ба даст овард (як медали нуқра ва 2 биринҷӣ). Ин нишонҳо дар олимпиадаҳои Пекин ва Лондон насиби варзишгарони тоҷик гардиданд.

Соли 1996. Тоҷикистон барои бори аввал чун кишвари соҳибистиқлол дар Бозиҳои олимпии тобистона, ки дар Атлантеи ИМА баргузор гардид иштирок кард. Мунтахаби Тоҷикистонро ҳашт варзишгар дар панҷ намуди бозӣ муаррифӣ намуд, вале дар ягон намуд ба муваффақият ноил нагардид.

Соли 2000. Дар ин сол Тоҷикистон дар Сиднеи Австралия дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кард. Ин сол аз Тоҷикистон чор варзишгар дар ду намуди бозиҳо иштирок намуда, ҳамчунин бемедал баргаштанд.

Соли 2004. Олимпиада дар Афинаи Юнон. Товҷикистонро нӯҳ варзишгар аз рӯи панҷ намуди варзиш муаррифӣ намуданд. Бозиҳои бемедал идома меёфт.

Соли 2008. Дар Бозиҳои тобистонаи Пекини Чин мунтахаби Тоҷикистон бори аввал соҳиби ду медал-як нишони нуқра ва ян биринҷӣ гардид. Мунтахаби кишвар дар ин бозиҳо аз 14 нафар иборат буда дар ҳашт намуди бозӣ баромад кард. Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов аз рӯи гуштини озод соҳиб шуд. Медали биринҷӣ бошад ба сандуқи кишвар аз дасти дзюдочии тоҷк Расул Боқиев ворид шуд.

Соли 2012. Ҳайати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи соли 2012 аз 16 варзишгар иборат буд. Дар Олимпиадаи Лондон мунтахаби Тоҷикистон соҳиби як медали биринҷӣ шуд. Нишони биринҷӣ насиби ҷинси латиф-Мавзуна Чориева дар риштаи бокс гардид. Дар бозии 1/4  финал Мавзуна Чориева бо рақиби худ аз Чин Ченг Донг мубориза бурда ӯро бо ҳисоби 13:8 мағлуб намуд. Дар бахши нимфиналӣ ӯ бо варзишгари ирландӣ Кэти Тейлор вохӯрда бо ҳисоби 9:17 шикаст хӯрд,вале ба ин нигоҳ накарда соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дорандагони медалҳои бозиҳои Пекин-Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов ин дафъа натавонистанд медал ба даст биёранд.

Мавзуна Чориева - Sputnik Тоҷикистон
Мавзуна Чориева: дигар овардани медал ба Ватанро ваъда намедиҳам

Қабл аз олимпиадаи соли 2012 коршиносон ҳама бо боварии том изҳор мекарданд, ки дар бозиҳио Лондон мунтахаби Тоҷикистон бо дарназардошти шумораи варзишгарон ва муваффақият дар бозиҳои Пекин хуб баромад мекунанд. Дар ин олипиада ҷумҳуриро Сергей Бабиков (тирпарронӣ), Владислав Овчаренко (давидан ба масофаи 200 м), Катерина Измайлова (шиноварӣ), Дилшод Назаров (гурзпартоӣ), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Алишер Гулов ва Фарҳод Негматов (таэквон-до ВТФ), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Залимхон Юсупов ва Николай Ноев (гуштини тарзи озод) муаррифӣ намуданд. Чуноне маълум шуд, аксари варзишгарон аллакай дар марҳилаҳои  аввали бозӣ шикаст хӯрда танҳо баъзеҳо тавонистанд рақобат нишон диҳанд ва дар интиҳои кор насиби мунтахаби Тоҷикистон як медал-дар риштаи бокси занона гардид.

Соли 2016. Моҳи августи соли равон диққати ҷаҳонро Бозиҳои навбатии Олимпии тобистона ба худ ҷалб мекунад. Қисми зиёди бозиҳо дар шаҳри  Рио-де-Жанейро баргузор гардида,  қисми дигарашон дар дигар шаҳрҳои Бразилия барпо хоҳанд шуд. Барномаи бозиҳои варзишии имсола чун солҳои қаблӣ хоҳад буд. 9 октябри соли 2009 дар сессияи Кумитаи байналмиллалии олимпӣ, ки дар он макони баргузории бозиҳо интихоб градида буд, ҳамчунин қарор дар бораи илова намудани регби ва голф ба рӯйхати бозиҳои олимпӣ қабул гардид. Ҳамин тавр аз рӯи ин намудҳои бозӣ (регби ва голф) бори нахуст дар бозиҳои олимпӣ варзишгарон байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Кумитаи миллии олимпӣ ин марҳила аз варзишгарони тоҷик интизори гирифтани 10-12 иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 буд, аммо варзишгарони тоҷик танҳо соҳиби панҷ литсензия шуданд.

Даврон Атабоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Даврон Атабоев ба Бозиҳои Олимпӣ-2016 роҳ ёфт

Қаблан Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии ҶТ рӯйхати гирандагони идрорпулиро тасдиқ кард. Ба ин рӯйхат 15 варзишгар дохил шуданд:  Дильшод Назаров-$1000, муштзанон Мавзуна Чориева — $500, Анвар Юнусов — $300, Асрор Воҳидов — $200,  гуштигирон Искандари Рустам — $400, Баҳодур Қодиров — $400, Сомиршо Воҳидов — $300, Хусрав Облобердиев — $200, дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён — $700, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов — $500, Расул Абдушарипов — $200, таэквандочиён  Алишер Гулов — $600, Фарҳод Негматов — $600 ва Моҳру Ҳалимова — $600.

Залимхон Юсуфов низ ба рӯйхати гирандагони стипендия дохил шуда буд, вале бо сабаби допинг аз идрорпулӣ маҳрум гардид. Идрорпулӣ ҳар моҳ ба варзишгарон то баргузории Олимпиада-2016 дода мешавад.

Дар ниҳояти кор марҳилаи интихобӣ барои кишварамон бемуваффақият анҷом ёфт. Хулосаи кор ва таҳлили хатогиҳоро бар дӯши худи кормандони варзишӣ гузошта мо танҳо қайд менамоем, ки қариб дар тамоми намуди бозиҳои олимпӣ варзишгарони интихобшуда рақобатнопазир буданд. Сабабаш-тамрини номувофиқ ё маблағгузори нокофӣ-инро баъдтар мефаҳмем.

Ҳамин тавр дар муқоиса бо олимпиадаи пешин ба Рио-2016 ҳашт варзишгар равон мешаванд. 16 —8! Якбора паст шудани натиҷаҳои варзишгарони тоҷик ташвишовар аст. Панҷ нафар мустақола иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои тобистонаро дарёфт карданд: Даврон Отабоев, ки то ҳол натиҷаи ӯ тасдиқ нашудааст. Худо нокарда агар Ассотсиатсияи  байналмиллалӣ розигиии худро надиҳад, дар чунин сурат Даврон ба Бозиҳои Олимпӣ рафта наметавонад. Иҷозатномаҳои муштзан Анвар Юнусов, гурзпарто Дилшод Назаров ва дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аллакай тасдиқ гардид.

Дар баробари ин барои Тоҷикистон дар намуди варзишҳои шиноварӣ ду квота (барои зан ва мард) ва як квота дар риштаи варзиши сабук (барои зан) ҷудо карда шуд. Дар Олипиадаи Рио-2016 аз Тоҷикистон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов шиноварӣ хоҳанд кард. Як вотаи дигар дар намуди варзиши сабук ба Кристина Пронженко дода шуд.

Дар Рио чи гап мешавад? Имсол олимпиада барои варзишгарони камшумори тоҷик чи гуна хоҳад шуд?

Фарз мекунем, ки аз варзишгарони квотадор мо ягон натиҷаро интизор намешавем. Ҳамчунин ба натиҷаи Даврон Отабоев низ умед намебандем, зеро рақобат дар ин навъи варзиш хеле бузург аст. Бо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов низ чунин ҳодиса чи қадаре, ки ӯ кушиш кунад, ҳамон қадар натиҷа хуб мешавад.

Анвар Юнусов бошад муборизи ботаҷриба аст, ҳамааш аз қурапартоӣ ва омодагии варзишгар вобаста хоҳад буд. Дар сурати омодагии хуб метавон ба натиҷаи бомуваффақияти ӯ умед баст.

Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин дастоварди дзюдочиёни тоҷик дар таърихи осиёии мусобиқот

Аз Комронҳшоҳи Устопририйён низ дар ин бозиҳо натиҷаҳои хубро интизор шудан раво аст. Дар боари ғолибияти воқеъии ӯ танҳо баъди қуракашӣ метавон ҳадс зад. Варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмиллалӣ натиҷаҳои баланд нишон дод. Варзишгари ҷавон иҷозатномаро таҳти роҳбарии мутахассиси рус-Владимир Елчанинов-мураббии  дорандаи медали олимпӣ Расул Боқиев ба даст овард. Шояд имсол ҳам шогирди мутахассиси рус тавонад ба сандуқи ҷумҳурӣ медал ворид намояд?

Нафаре, ки  Тоҷикистон бо боварии комил ба натиҷаҳои баланди ӯ бовар дорад ин Дилшод Назаров мебошад. Ӯ ин замон дар қуллаи баландтарини фаъолияти варзишиаш қарор дорад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки варзишгар ба олимпиадаи Рио-2016 бо омодагии комил ҳозир шавад. Бозиҳои олимпии Рио-2016 дар фаъолияти варзишии ӯ чорумин  хоҳад буд. Ӯ соли 2004 дар Олимпиадаи Афина иштирок кард. Он замон Олимпиада барояшон бо нокомӣ анҷом ёфт, вале Олимпиадаи соли 2008, ки дар Пекин сурат гирифт Дилшод Назаров дар даври финалии мусобиқа бо нишондоди 76,54 метр соҳиби ҷои 9-ум гардид. Дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ӯ  даври тахассусиро бо натиҷаи 75,91 метр анҷом дода  дар даври финалӣ бо нишондоди 73,80 мақоми 10-умро соҳиб шуд. Агар имсол соҳиби медал нашавад, пас кай?

Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров аввалин роҳхати Олимпиадаи 2016-ро соҳиб шуд

Рақиби асосии ӯ бино ба натиҷаҳои мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Павел Файдек аз Полша мебошад. Дигар ягон варзишгар тоби рақобати Дилшодро надорад.

Дар охир ёдрас мешавем, ки чанде қабл оҷонсии Infostrada пешгӯии гирандагони медалҳои олимпиадаи Рио-2016-ро нашр намуд. Мувофиқи пешгӯиҳои оҷонсӣ Тоҷикистон дар ин бозиҳо соҳиби як медал мешавд.

Дар баробари ин оҷонсӣ номи варзишгарро низ нашр кардааст. Бино ба пешгӯиҳои оҷонсӣ соҳиби медали биринҷии олимпиада Дилшод Назаров-гурзандози тоҷик хоҳад шуд.

Олимпиадаи соли 2016-натанҳо ҳодисаи муҳимтарини варзишии сол балки ҳодисаи бузургтарини варзишӣ дар чорсоли охир мебошад. Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии соҳибистиқлол бори нахуст соли 1996 ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ роҳ ёфт. Дар умум мунтахаби Тоҷикистон ба сифати гурӯҳи мустақил ҳамагӣ се мадалро ба даст овард (як медали нуқра ва 2 биринҷӣ). Ин нишонҳо дар олимпиадаҳои Пекин ва Лондон насиби варзишгарони тоҷик гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала