Шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои кушиши ба Сурия рафтан дастгир шуданд

© Sputnik Боздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дастгиршудагон нақшаи пурраи сафари худро ба Сурия тариқи сарҳади Гурҷистону Русия ва сипас ба Туркияю баъдан ба Сурия кашидаанд.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар нуқтаи назоратии срҳадии "Верхний Ларс" се шаҳрванди Осиёи Марказӣ,  ки кӯшиши убури сарҳад ва ба сафи ҷангиёни Давлати  Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) пайваст шуданро доштанд дастгир шуданд, иттилоъ медиҳад портали иттилоотии "15-й Регион".

Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олӣ “Давлати исломӣ”-ро террористӣ эълон кард

Бино ба иттилои портали хабарӣ дар рафти гуфтушунид маълум гардид, ки ҷавонон аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи муташакилонаи ҷиноятпешаи Давлати Исломӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ барои дохил шудан ба сафи ҳаракати радикалӣ ҷалб шудаанд.

"Дастгиршудагон нақшаи пурраи сафари худро ба Сурия тариқи сарҳади Гурҷистону Русия ва сипас ба Туркияю баъдан ба Сурия кашидаанд",-омдааст дар хабарнома.

Аз ҷониби додгоҳи Советии ноҳиявӣ қарор дар бораи аз қаламрави Русия берун намудани дастгиршудагон ва манъ кардани ҳуқуқи вуруд барои онҳо ба федератсияи Русия қабул кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала