Судяҳои Тоҷикистон имтиҳони тахассусӣ месупоранд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДар суд. Акс аз бойгонӣ
Дар суд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ин ва баъд судяҳои Тоҷикистон занон дар синни 58 солагӣ ва мардон дар синни 63 солагӣ бояд ба нафақа бароянд. Қаблан дар қонунгузории Тоҷикистон чунин муқаррарот вуҷуд надошт.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ба низоми судии Тоҷикистон имрӯз ду муқаррароти ҷадид ворид карда шуданд, ки қаблан дар қонунгузорӣ ҷой надоштанд.

Дар ҷаласаи палатаи болоии парлумони кишвар тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи судҳо", қабул гардид. Тибқи тағйирот судҳо бояд зимни таъиноти аввал ба ин вазифа, ба комиссияи аз ҷониби Суди олӣ таъсисдодашуда имтиҳони тахассусӣ супоранд.

Дар сурати вайрон кардани қонун судяҳо аз ҷониби комиссияи махсус, ки бояд аз тарафи Додгоҳи Олӣ ташкил карда шавад, ҷазо дода мешавд.

Ҳамчунин имрӯз боз як  иловаи муҳим ба қонун  дохил карда шуд. Барои  судяҳо мӯҳлати баромадан ба нафақа муқаррар гардид.  Судяҳо-занон дар синни 58 солагӣ ва мардон бошанд дар синни 63 солагӣ бояд ба нафақа бароянд.

Ба фикри вакилони парлумон чунин муқаррарот имкон медиҳад, то мутахассисони ҷавон низ бештар фаъол шаванд.

Лентаи хабарҳо
0