Гирдиҳамоӣ дар Ереван аз ҷониби кормандони пулис пахш карда шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВазъият дар Ереван. Акс аз бойгонӣ
Вазъият дар Ереван. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иштикорчиёни тазоҳурот талаб мекарданд, то ба гаравгонон ва ҷинояткорон маводи ғизоӣ интиқол дода шавад. Ҷавоби нерӯҳои амниятиро интизор нашуда, онҳо кормандони пулисро сангборон карданд.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Ереван иштирокчиёни гирдиҳамоӣ бо кормандони пулис бархурданд, иттилоъ медиҳад Sputnik Армения.

Шоми рӯзи чоршанбе иштикорчиёни тазоҳурот талаб карданд, то гаравгонон ва ҷинояткорон бо маводи ғизоӣ таъмин карда шаванд.

Вакили парлумон Никол Пашинян ба сардори пулиси Ереван Ашот Карапетян вобаста  ба ин талабот муроҷиат кард ва ӯ ваъда дод, ки дарҳол ҷавоб мегӯяд. Вале иштирокчиёни гирдиҳамоӣ  ҷавоби сардори пулисро интизор нашуда, барои иҷрои талаботи худ пофишорӣ карданд. Дар натиҷа тазоҳургарон кормандони пулисро сангборон карданд.

Ғасби бинои мақомоти пулис дар Ереван. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи гаравгонон дар Ереван ба 5 нафар расид

Ин амали тазоҳургарон ба амали ҷавобӣ аз тарафи нерӯҳои амниятӣ оварда, бар зидди онҳо норинҷакҳои вижа истифода шуд. Бар асари бархӯрд чанд нафар захмӣ гардид.

Субҳи рӯзи панҷшанбе кормандони пулис дар шаҳр амлиёти вижа оид ба пароканда кардани иштирокчиёни гирдиҳамоӣ баргузор карданд.

Дар давоми чанд дақиқа кормандони ҳифзи ҳуқуқ минтақаи назди бинои пулисро аз тазоҳургурон дар Ереван пок карданд. Амалиёти вижа баъди ду огоҳӣ шурӯъ шуд.

Ҳамаи иштирокчиёни тазоҳурот ба шӯъбаи пулис оварда шуданд.

Субҳи рӯзи якшанбе, 17 июл гурӯҳи мусаллаҳ ба минтақаи назоратии пулиси Арманистон дохил шуда бо зӯроварӣ ва зери таҳдид одамони дар он ҷо бударо гаравгон гирифт. Гурӯҳи мусаллаҳ зимни ғасби бинои пулис талаби аз маҳбас озод намудани  роҳбари гурӯҳи мухолифини Фронти ҳифзи ҷамъиятии "Арманистони нав"-Жирайр Сефилянро, ки дар гардиши ғайриқонунӣ ва нигоҳдории аслиҳа айбдор карда мешавад, талаб намуданд.

Лентаи хабарҳо
0