Таҳлилгар: Чин монеаи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО мешавад

© SputnikДоиншкадаи давлатии санъати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Доиншкадаи давлатии санъати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон бо сабаби набудани заминаи ҳуқуқӣ барои пайвастан ба ИИАО омода нест. Геннадий Чуфрин иқтисоддон чунин мешуморад, ки ин раванд вақти зиёдро талаб мекунад.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Аъзои дирексияи Доиншкадаи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмиллалиии Академияи илмҳои Русия доктори илмҳои иқтисод Геннадий Чуфрин иброз дошт, ки пайвастшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисоди авруосиё ба ҳар ду ҷониб манфиатовар аст.

Леонид Слутский. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Слутский:Тоҷикистон барои ба ИИ АвруОсиё пайвастан омода нест

Таҳлилгар ёдовар шуд, ки дар ИИ АвруОсиё мафҳуми узви вобаста ё шарики муколама вуҷуд надорад, сухан дар бораи қабули Тоҷикистон чун аъзои комилҳуқуқи иттиҳод меравад.

Албатта барои Тоҷикистон ин иттиҳод манфиатовар аст, чунки ҷумҳурӣ имконоти зиёди ҳалли мушкилотро пайдо хоҳад кард, вале коршинос дар бораи розигии аъзоёни ин иттиҳод барои пайвастани Тоҷикистон шубҳа дорад.

"Пайвастшавии Тоҷикистон бо Иттиҳоиди Авруосиё ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд, вале ҳоло дар бораи аъзои комилҳуқуқ шудани Тоҷикистон ҳарф задан барвақт аст, чунки то ҳол Тоҷикистон барои пайваст шудан заминаи пурраи ҳуқуқӣ надорад",-изҳор дошт Геннадий Чуфрин.

Дар баробари ин коршинос изҳори нигаронӣ кард, ки бо кадом роҳ Тоҷикистон мехоҳад лоиҳаҳои инвтиститсионӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ дар саноати истеҳсолиро дар доираи ИИАО роҳандозӣ намояд.

"Қабули Тоҷикистон ба аъзогии ИИАО вақти зиёдро талаб мекунад. Таҷрибаи пайваст шудани Қирғизистон иншон дод, ки ин раванд басо дуру дароз аст. Қиёс карда буданд, ки баъди пешниҳоди аризаи расмӣ, Қирғизистон дар рузи баъдӣ ба иттиҳод ворид мешавад, вале маълум шуд, ки дар дохили худи кишвар якқатор қонунгузориҳое ҷой доштанд, ки ҳалталаб буданд, аз ҷумла баррасии кори бозорҳои яклухт дар пойтахт".

Коршинос мегӯяд, ки эҳтимоли такрор шудани чунин ҳодиса дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад, чунки иқтисодиёти Тоҷикистон айни замон бо Чин пайвастагии амиқ дорад. Таҳлилгар таъкид намуд, ки чунин масъалаҳо бояд бо назардошта манфиатҳои аъзоёни ИИАО ва Душанбе ҳал шаванд.

Дмитрий Косирев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо барҳам мехурад, АвруОсиё густариш меёбад

Дар сурати пайваст шудан ба ИИАО Тоҷикистон ба осонӣ метавонад мушкилоти ҷойдоштаро оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳал намояд: масъалаҳои таъмини муҳоҷирон бо ҷои кор, таъмини суғуртаи тиббӣ, маориф ва ғайраҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт. Қабл аз ҳама сухан дар бораи Русия ва Қазоқистон меравад, ки аксари муҳоҷирони Тоҷикистон маҳз ба ин кишварҳо ба муҳоҷиарти меҳнатӣ равон мешаванд.

"Аз нуқтаи назари геополитикӣ пайвастани боз як кившари пасошуоравӣ ба Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиё ба манфиати кор аст, вале аз нуқтаи назари амалӣ мушкилоти зиёд ҷой дорад. Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба чунин қадам омода нест. Бахусус мавҷуд набудани заминаи ҳуқуқӣ",-гуфт оқои Чуфрин.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар пойгоҳи Иттиҳоди гумрукӣ миёни Русия, Қазоқистон ва Белорус ташкил шудаву аз 1-уми январи соли 2015 амалан фаъол гардидааст. Айни ҳол Русия, Арманистон, Қазоқистон, Белорус ва Қирғизистон аъзоёни ин иттиҳод мебошанд.

Қаблан сиёсатшинос Владимир Евсеев дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, ки Тоҷикистон дар давоми ҳамин сол ба ИИАО мепайвандад. Ба қавли ӯ ин ҳамгироӣ якқатор мушкилоти мавҷудбудаи кишварро аз байн хоҳад бурд.

Лентаи хабарҳо
0