Хоҳишмандони кор дар Русия аз Тоҷикистон кам шудааст

Сафари шаҳрвандони тоҷик ба Русия тақрибан 10 маротиба кам шудааст, мегӯяд вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ба қавли ӯ паст рафтани майли муҳоҷирони корӣ ба Русия бо чанд омил вобаста аст: бад шудани вазъияти иқтисодии Русия, паст шудани қурби рубли русӣ ва мураккаб гаштани низоми қонунгузории ФР оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Бино би иттилои вазир аз аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Русия зиёда аз 301 ҳазор шаҳрванд сафар кардаанд. Ба Қазоқистон бошад-6 ҳазор нафар равон шудааст.

Нишондоди сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба мамолики хориҷ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта тақрибан то 28 ҳазор нафар кам шудааст.

Иҷозаи иқомати шаҳрванди хориҷӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирони Тоҷикистон Кузбасси Русияро интихоб мекунанд

Шумораи умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ватан баргаштаанд 160 ҳазор нафар буда, аз онҳо 129 нафаршонро мардон ва 31 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳад. Ин нишондод дар миқёс бо ҳамин давраи соли гузашта то 27 ҳазор нафар камтар мебошад.

Ҳамчунин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қайд намуд, ки дар нимсолаи ҷорӣ ба 210 шаҳрванди Тоҷикистон, ки вурудашон ба Русия манъ карда шуда буд,  дубора иҷозаи сафар ба қаламрави Федератсияи Русия дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала