Таърих: истеҳсоли фиттаҳои видеоӣ дар дунё қатъ гардид

© Flickr \ DRs KulturarvsprojektФиттаҳои видеоӣ. Акс аз бойгонӣ
Фиттаҳои видеоӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаи охирини истеҳсоли фиттаҳои видеоӣ, ки дар Ҷопон воқеъ аст, баста мешавад. Роҳабрият саббашро дар камёфт будани баъзе қисмҳои таркибӣ арзёбӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ширкати ҷопонӣ, ки корхонаи охирини истеҳсоли фиттаҳои видеоӣ дар ҷаҳон буд кори худро қатъ кард, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба нашриёти The New York Times.

Корхонаи охирини истеҳсоли фиттаҳои видеоӣ- Funai Corporation, ки дар Ҷопон воқеъ аст, мехоҳад дар охири моҳи июл истеҳсоли ин навъи касетро қатъ кунад.

Роҳбарияти ширкат бастани корхонаро бо "камёфт будани баъзе қисмҳои таркибӣ" вобаста медонад.

Мувофиқи нишондоди истеҳсолӣ дар соли 2015 ҳамагӣ 750 ҳазор адад видеокассетҳо харидорӣ шудаанд. Технологияи инқилобии солҳои 1950-ум  имрӯзҳо дар бозори ҷаҳонӣ талабот надорад. Дар давоми солҳои охир  миллион фиттаҳои видеоӣ фурӯхта нашудаанд.

Лентаи хабарҳо
0