Тоҷикистон дар мусобиқаи “Биатлони танкӣ” иштирок мекунад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкМаросими ифтитоҳи Бозиҳои байналмиллалии АРМИ-2016
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои байналмиллалии АРМИ-2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати иборат аз чор гурӯҳи низомиён бо танкаҳо аллакай барои омӯхтани майдони рақобат “Алабино” равон шуданд.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Гурӯҳи низомиён аз Тоҷикистон дар мусобиқаи "Биатлони танкӣ-2016" иштирок мекунанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Сабқат дар размоишгоҳи "Алабино"-и вилояти Маскав  аз 30 июл то 13 август дар доираи Бозиҳои байналмилаллӣ баргузор мегардад.

Ҳайати нимояндагони Тоҷикистон аз чор тими танкӣ ва гурӯҳи дастгирии техникӣ аз Вазорати мудофиаи ҶТ иборат аст.

"Ҳайати намояндагони Тоҷикистонро муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи кишвар оид ба таъмини таҷҳизоти техникӣ полковник Маҳмадалӣ Ашуров роҳбарӣ мекунад",-хабар дод, сухангӯи дафдтари матбуотии мақомоти амниятии ҶТ Фаридун Маҳмадализода.

“АРМИ-2015”: танкчиёни тоҷик дар биатлон дар мақоми севвум ҳастанд

Ба гуфти ӯ ҳайати иштирокчиёни Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа ба макони баргузории сабқат ҳозир шудаанд, бо размоишгоҳ шинос шуда, таҷҳизоти техникии худро омода менамоянд. Ба танкчиёни Тоҷикистон ҳамтоёни онҳо аз пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон кумак карданд.

Дар мусобиқа иштироки гурӯҳҳои низомии Русия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Миср, Зимбабве, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қувайт, Муғулистон, Никарагуа, Покистон ва Сербия  дар назар аст.

Аввалин мусобиқоти бозиҳои биатлон дар Русия соли 2015 баргузор гардида дар он 57 гурӯҳ аз 17 кишвари дунё ширкат варзиданд. Мусобиқот аз рӯи 14 озмуни ҳунари саҳроӣ, ҳавоӣ ва обӣ  баргузор шуда дар он 480 медал гузошта шуда буд. Мунтахаби ФР дар ин бозӣ мақоми аввалро соҳиб шуда, ҷои дуюм насиби Чин шуд. Мақоми сеюмро дар мусобиқот Белорус ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0