Анвар Юнусов: ба Бразилия барои гирифтани медал меравам

© AFP 2021 / Анвар Юнусов (справа). Архивное фотоАнвар Юнусов. Акс аз бойгонӣ
Анвар Юнусов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муштзани тоҷик барои иштирок дар бозиҳои олимпӣ омодагии ҷиддӣ дида дар як рӯз ду маротиба тамрин мекунад. Ӯ ҳамчунин бо шиноварӣ, давидан ва баромдан ба кӯҳ машғул мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Боксёри машҳури тоҷик Анвар Юнусов дар Бозиҳои Олимпии Рио-2016 иштирок мекунад, менависад хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ.

Мусобиқоти ҷаҳонӣ аз 5 то 21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Рио-де —Жанейрои Бразилия сурат мегиранд.

"Ба даст овардани иҷозатномаи иштирок дар бозиҳои Олимпӣ бароям осон набуд. Ман барои ба ҳадаф расидан биёр кушиш кардам ва омодагӣ дидам. Ҳеҷ кас интизор набуд, ки дар мусобиқаи интихобӣ ман ин квотаро ба даст меорам",-изҳор дошт варзишгар.

Имрӯзҳо Анвар қабл аз мусобиқа ба тамарини ҷиддӣ машғул аст.

Омодагии Рио-де -Жанейро ба Бозиҳои олимпӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик ва Олимпиадаи Рио-2016

"Омодагӣ дар сатҳи баланд идома дорад. Субҳгоҳон ва вақти шом ба тамрини бадан машғул мешавам. Давиданро фаромӯш намекунам ва дар давоми як соат бо шиноварӣ баданамро обу тоб медиҳам. Дар баробари ин дар хона низ ба тамрин машғул мешавам",-нақл мекунад Анвар.

Варзишгар иқрор шуд, ки ӯ баъди тамринҳо худро қабл аз сафар ба Рио хуб ҳис мекунад.

"Ман аллакай ба ин вазни худ одат кардаам  ва худро бо ин вазн хуб ҳис мекунам, аз ин рӯ ба Бразилия барои гирифтани медал меравам",-гуфт Юнусов.

Анвар Юнусов дар мусобиқаи интихобӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку миёни мардон баргузор шуда буд, иштирок карда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои Олимпии тобистона гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала