Таркиш дар Олмон: як нафар ҳалок 11 кас захмӣ

© REUTERS \ KAI PFAFFENBACHМошини ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ
Мошини ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нафаре, ки дар назди тарабхона ба ҳалокат расидааст, зодаи Сурия буда ду сол қабл ба Олмон омадааст. Сабаби таркиш то ҳол маълум нест.

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар шаҳри Ансбахи Олмон шоми рӯзи якшанбе таркиш ба вуқӯъ пайваст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба пулиси маҳаллӣ.

Инҷифор дар назди тарабхона дар маркази шаҳр дар Бовария рух дод.

"Як нафар ҳалок шуда, 11 каси дигар захмӣ гардиданд. Сабаби таркиш то ҳол номаълум аст",-гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.

Ҳамлаҳои террористии соли 2016: қурбониёни таркишҳо

Бино ба маълумоти ВКД-и Бовария, нафари ҳалокшуда-марди 27 солаи шаҳрванди Сурия буда, ба Олмон ду сол қабл омадааст.

Бино ба иттилои намояндаи пулис дар бораи таркиш соати 22.15 ба вақти маҳаллӣ  хабар дода шудааст. Инфиҷор дар кучаи Пфаррштрасси шаҳри Ансбах ба вуқӯъ пайваст.

Айни ҳол дар ҷои ҳодиса намояндагони ҳифзи ҳуқуқ кор карда, сабаби таркиш маълум карда мешавад.

Шоми рӯзи ҷумъа, 22 июл дар ноҳияи шаҳри бузурги Мюнхен дар маркази "Олимпия" тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумот бар асари он нӯҳ нафар ба ҳалокат расида, 35 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Мақомоти пулис хабар дод, ки тирпарронӣ аз ҷониби писари 18 солаи аслаш эронӣ вале дар шаҳри Мюнхен таваллуд ва ба воя расида, анҷом дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0