Шаҳрвандони Узбакистонро аз сафар ба Туркия бозмедоранд

Ширкати “Узбектуризм” чунин нақшаро бо бад будани вазъият дар Туркия ва вуҷуд доштани сатҳи баланди хатар дар бархе аз нуқоти ин кишвар вобаста медонад.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik.  Ширкати миллии "Узбектуризм" шаҳрвандонро аз сафар ба Туркия боздошт, иттилоъ медиҳад сомонаи ширкат.

"Бо дарназардошта вуҷуд доштани хатар дар баъзе аз нуқоти Ҷумҳурии Туркия сайёҳат ба ин кишвар бехатар нахоҳад буд. Дар бастагӣ бо ин то ором гардидани вазъияти Туркия сайёҳат ва ё сафар ба ин кишвар тавсия дода намешавад",-қайд мегардад дар хабарнома.

Кор бо компютер. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Танзими кори муштариёни шабакаи интернетӣ дар Узбакистон

Ширкати сайёҳии миллӣ ҳамчунин  шаҳрвандони Узбакистонро, ки айни замон дар қаламрави Туркия қарор доранд,  даъват менамояд то қоидаҳои бехатариро фаромӯш насозанд.

Шоми рӯзи 15 июл гурӯҳи мухолифин дар Туркия табадуллоти ҳарбӣ доир намуданд. Ҳаракатҳои асосӣ дар шаҳрҳои Истамбул ва Анқара баргузор гардид. Бино ба маълумоти ба даст омада дар пайи табадуллоти давлатӣ 246 нафар шаҳрванди ғайринизомӣ ба ҳалокат расида зиёда аз 2 ҳазор кас ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Табадуллоти давлатӣ аз ҷониби ҳукумат пахш карда шуд.

Қаблан хабар дода шуд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия хатсайрҳои мунтазамро ба Туркия боз кард. Ширкати бузурги ҳавопаймоии "Аэрофлот" фурӯши чиптаҳоро ба Истамбул ва Анталия оғоз кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала