Бартараф намудани оқибатҳои сел дар вилояти Суғд аз ҷониби КҲФ

© Новости-Казахстан, Анатолий УстиненкоОқибатҳои сел. Акс аз бойгонӣ
Оқибатҳои сел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи баланд шудани сатҳи оби дарёи Яғноб, сокинони яке аз кишлоқҷойҳо аз дигар қисми дунё ҷудо монданд. Наҷотдиҳандагон селро тоза намуда, купрукро барқарор карданд.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Баланд шудани ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон боиси об шудани қисми зиёди прияхҳо гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва муҳофизати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бар асари ин ҳодиса сатҳи дарёи Яғноб баланд шуда, обхезӣ ба амал омад.

Гармӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тавсияҳои КҲФ барои наҷот ёфтан аз гармии тоқатфарсо

"Дар пайи обхезӣ ва сел бо сангҳои калону ҷараёни хасу хошок роҳи дарё банд шуда, ҳамчунин купруки деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ вайрон гардид. Аз ҳамин сабаб деҳаи Марзич бо аҳолии 231 нафар аз маркази ноҳия ҷудо монданд",-омадааст дар иттилоия.

Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои обхезӣ ва барқарор намудани купрук,  таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон  Муҳаммадҷон Салимзода гурӯҳи вижа ташкил ва фаъол гардид. Дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳа онҳо роҳи дарёро кушода купруки деҳаро барқарор намуданд.

"Айни замон купруки дарёи  Яғноб пурра барқарор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир кор аз болои тоза нмудани 3 км роҳи дар пайи обхезӣ вайроншуда, идома дорад",-омадааст дар хабарнома.

Қаблан КҲФ Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро аз баланд шудани ҳарорати ҳаво огоҳ карда буд. Шурӯъ аз 28 моҳи июли соли равон то 31 ҳамин моҳ дар қаламрави кишвар боронгариҳои шадид бо шамоли сахт пешгӯӣ карда мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари омадани сел ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо боқӣ мемонад.

Лентаи хабарҳо
0