Собиқадорони варзиши тоҷик дар Қазон барои Ҷоми СҲШ рақобат мекунанд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкТуби футболбозӣ. Акс аз бойгонӣ
Туби футболбозӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусобиқа бояд заминаи ташкили Лигаи собиқадорони футболи мамлакатҳои аъзои СҲШ гардида, ба такмил бахшидани ин намуди варзиш дар давлатҳои аъзои созмон мусоидат кунад.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар Русия бори нахуст мусобиқаи футболи байналмиллалӣ байни дастаҳои собиқадорони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкорҳои Шанхай  баргузор мегардад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тӯби футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Собиқадорони футболи Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе вомехӯранд

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми дабири кулли шурои СҲШ аз 29 то 31-уми июл дар Қазон гузаронида мешавад.

Дар дастаи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев, Субҳон Ҳоҷамов, Миралӣ Шарипов, Суҳроб Ҳамидов, Хуррам Нозирӣ, Шуҷоат Неъматов,  Дамир Камолиддинов ва дигарон бозӣ мекунанд.

Кушодашавии  мусобика 30-юми июл дар варзишгохи "Трудовые резервы"-и Қазон баргузор мегардад. Бозиҳои нимфиналӣ ва финалии мусобиқа санаи 31-уми ҳамин моҳ доир хоҳанд шуд.

Дар доираи мусобиқа санаи 30 июл барномаи фарҳангию варзишӣ  "Собиқадорони футболи советӣ ва Русия" баргузор мегардад. Мувофиқи мақсади ташкилкунандагон сабқат бояд барои ташкили  Лигаи собиқадорони футболи мамлакатҳои аъзои СҲШ ва такмил бахшидани ин намуди варзиш дар кишварҳои аъзои ин созмон замина омода намояд.

Лентаи хабарҳо
0