Сафари сеюми Эмомалӣ Раҳмон ба Индонезия

© Фотохост-агентство / Гузаштан ба хазинаи аксПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз, якуми августи соли 2016 президенти ТОҷикистон эмомалӣ раҳмон ба Инзонезия сафра кард. Ёдовар мешавем, ки ин боздиди сеюми раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин кишвар мебошад.

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба Ҷумҳурии Индонезия сафар кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии сарвари кишвар.

Бино ба иттилои манбаъ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

"Хотиррасон менамоем, ки ин боздиди сеюми президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия буда маротибаи аввал дар соли 2003 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба бо сафари давлатӣ аз ин кишвар дидан кардааст.Зимни сафари президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия дар моҳи октябри соли 2003 7 санадии ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки заминагузори рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати бо ҳам дӯсту бародар мебошанд",-омадааст дар иттилоия.

Оқибатҳои суқути ҳавопаймои низомӣ дар Индонезия. 30 июни соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Индонезия

Барномаи сафари навбатии расмии Эмомалӣ Раҳмон ба  Индонезия мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба, суҳбату вохӯриҳои хосса бо роҳбарони давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин иштирок дар 12-ум Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодиро фаро мегирад.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки дар ҷараёни сафари расмии сарвари давлат маҷмуи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо хоҳанд расид.

Дар ин сафар президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала