Рӯзи аввали “Биатлони танкӣ”: кӣ беҳтар?

© SputnikТанк дар майдони разм. Акс аз бойгонӣ
Танк дар майдони разм. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Биатлони танкӣ” дар вилояти назди Маскав дар майдони тирандозии “Алабино” аз 30 июл то 13 август баргузор мегардад. Ин сабқат мувофиқи таркиби иштирокчиёни мусобиқа “АРМИ-2016” аз ҳама бонуфузтарин мебошад.

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik.  Мақомҳои рӯзи аввали  "Биатлони танкӣ"-ро дар бахши "Пойгаи инфиродӣ" дастаҳои Русия, Ҳиндустон, Казоқистон ба даст овардаанд,  хабар медихад дафтари матбуотии  Вазорати мудофиаи ФР.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои байналмиллалии АРМИ-2016 - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар мусобиқаи “Биатлони танкӣ” иштирок мекунад

"Мувофиқи ҷамъбасти давраи  "Пойгаи инфиродӣ"-и  сабқати "Биатлони танкӣ" экипажи Руссия аввалин шуда ба марра  расид.  Танкчиёни  Русия  бо боварӣ ҳамаи монеаҳоро дар 28 дақиқаву 18 сония гузаштанд, ки нишондоди беҳтарини натиҷаи ду давраи рӯзи аввали "Биатлони танкӣ"  гардид",- омадааст дар хабарнома.

Натиҷаи дуюмро (25 дақиқаву 2 сония) экипажи танкии Ҳиндустон нишон додааст, намояндаи Қазоқистон бошад  дар (26 дақиқаву 22 сония) монеаҳоро паси сар намуда, сеюмин шуд.

Дар давраи аввали "Биатлони танкӣ" дар пойгаҳ 51 экипаж аз 17 давлат иштирок мекунанд. Вақте ки пойгаи инфиродӣ санаи 7 август ба охир мерасад, пасон рейтинги ҳар як танк тартиб дода мешавад ва дар натиҷаи он се экипажи беҳтарин, ғолибони бахши "Пойгаи инфиродӣ"  муайян карда мешаванд.

"Мусобиқаи танкӣ" дар вилояти назди Маскав дар майдони тирандозии "Алабино" аз 30 июли то 13 август баргузор мегардад.  Ин сабқат мувофиқи таркиби иштирокчиёни мусобиқа  "АРМИ-2016" аз ҳама  бонуфузтарин ба ҳисоб меравад.

Дастаи ҶМЧ дар тонки истеҳсоли ватании худ баромад мекунад, дастаи Белорусия бошад дар танки Т-72, ки дар ширкатҳои ҷумҳурӣ аз таъмири ороишӣ бароварда шудааст, баромад карда, дигар дастаҳо бо танкаҳое, ки аз ҷониби Руссия пешниҳод шудаанд, ҳунарнамоӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0