Баррасии ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА. Дар Вашингтон.

Ҷонибҳо ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳорое, ки ҳанӯз дар ҷаласаи аввалини соли 2015 дар Самарқанд пешниҳод шуда буданд, муҳокима хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри ва вазирони вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои амният, иқтисод, ҳифзи муҳити зист ва ғайраҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотӣ ҷонибҳо ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои ҳанӯз соли 2015 дар ҷаласаи аввалин, ки дар Самарқанд баргузор гардида буд, пешниҳодшударо ҳаллу фасл хоҳанд кард. Баррасии масъалаҳои иқтисоди минтақа дар ҷаласаи махсуси Палатаи савдои ИМА дар назар аст.

Зимни ифтитоҳи хати барқ байни Тоҷикистону Афғонистон. Намояндагони ИМА, Фонди рушди Оғохон ва Помир Энерҷӣ - Sputnik Тоҷикистон
ИМА ва Шабакаи рушди Оғохон ду деҳаро рӯшан карданд

Дар баробари ин дар ниҳояти ҷаласа вазирон таҳти роҳбарии муовини котиби давлатӣ дар вохӯрӣ бо намояндагони воломақоми якқатор сохторҳои давлатии ИМА ширкат карда, имконоти рушди Осиёи Марказиро дар давоми асри  XXI муҳокима хоҳанд кард.

Вохӯрии вазирони ВКХ-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони ИМА бо баргузории барномаи махсус, ки ба 25-солагии истиқлолияти ин кишварҳо, осори бебаҳои фарҳангии онҳо  ва ҳамкориҳо бо ИМА бахшида мешавад, анҷом хоҳад ёфт.

Қайд мегардад, ки ин вохӯрии дуюми кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА буда, макони "дарёфти роҳҳои муҳим барои ҳалли мушкилоти минтақа" арзёбӣ мегардад. "ИМА хостори рушд ва таҳкими муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад",-омадааст дар изҳорот.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала