Зани рус бо истифодаи шиносномаи шаҳрванди ҶТ хост ба ДИИШ пайвандад

© Sputnik StringerПарчами Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ
Парчами Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сокини шаҳри Маскав кӯшиши ба ДИИШ дохил шудан намуда, хост Гурҷистон ва Туркияро убур карда ба Сурия бирасад. Аммо ӯ дар сарҳади Русия ва Гурҷистон “Верхний Ларс” бо шиносномаи ба номи шаҳрванди Тоҷикистон, ки сураташ аз нав часпонида шуда буд дастгир гардид.

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik.  Барои даъватҳои ошкорбаён ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ ва барои кӯшиши пайвастан ба ташкилоти терористии  "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон),  додгоҳи низомии минтақавии Маскав зани 31-солаи сокини шаҳри Маскавро ба панҷ соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд,  хабар медиҳад намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк.

Вай санаи баровардани ҳукмро аниқ нагуфта қайд кардааст, ки он аллакай хусусияти қонунӣ гирифтааст. Маводҳои исботкунандаи ҳукм аз тарафи кормандони ВКД дар якҷоягӣ бо ХФА(Хадамоти федеролии амнияти Русия)  ҷамъ карда шуда буданд.

"Баҳори соли гузашта кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълумотеро дар бораи сокини шаҳри Маскав ба даст оварданд, ки ӯ дар саҳифаи худ  дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо даъватномаҳо барои фаъолияти террористӣ ва эктремистӣ ҷой намуда маводҳоеро, ки ҳисси адоват ва хусуматро  бедор менамоянд паҳн мекард.  Натиҷаҳои  тадқиқоти лингвистӣ барои боз намудани парвандаи ҷиноӣ нисбати ин зан асос шуданд",-гуфт Волк.

Байрақи Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти кашфи ИМА: шумораи ҷангиёни ДИИШ дар Ироқ ва Сурия кам шудаст

Кормандон маълум намуданд, ки зан ҳамфикри гурӯҳи тундрави ДИИШ буда мақсад дорад, ба ин гурӯҳи тундрави ҷиноятпеша бипайвандад. Дар хонаи дастгиршуда парчами рангаш сиёҳ, бо навиштаҷоти арабӣ ва маводҳои динӣ ёфт шуданд.

Занро бо забонхати ба ҷое нарафтан озод намуданд, аммо ӯ моҳи январ, қоидаҳои боздоштро вайрон намуда,  Маскавро бо автобуси хатсайри "Москва- Тибилисӣ" тарк намуд. Зан нақша дошт, ки Гурҷистону Туркияро убур намуда, ба Сурия бирасад ва ба ташкилоти террористӣ бипайвандад.

"Дар вақти гузаштани назорати сарҳадӣ дар нуқтаи назоратии "Верхний Ларс"  зан дастгир шуд. Маълум гардид, ки вай шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сурати аз нав часпонидашуда истифода мебарад. Бо ин далел, нисбати зан паврвандаи нав оид ба убури ғайриқонунии сарҳади Русия боз карда шуд"- гуфт, намояндаи ВКД.

Моҳи апрели ҳамин сол маводҳои аз тарафи полис ҷамъовардашуда асос шуданд, ки парвандаи сеюми ҷиноӣ- дар бораи иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ,  кушода шавад. Пасон ҳамаи парвандаҳои ҷиноӣ ба мурофиаи ягона табдил дода шуда, меъёри гузаштан  бошад ба ҳабси пешакӣ табдил дода шуд.

"То ба охир расидани тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноӣ барои моҳиятан омӯхтани ҳодиса ба додгоҳи низомии минтақавии Маскав супорида шуда, ҳукми айбдории ӯ бароварда шуд"-,гуфт Волк.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала